Тоҷикистону Қирғизистон равобити фарҳангиро баррасӣ карданд

© Вазорати фарҳанги ТоҷикистонМулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Қирғизистон дар Душанбе
Мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Қирғизистон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо сафири Қирғизистон дар Душанбе таҳкими муносибатҳои фарҳангии байни ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар Душанбе дидору мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаев сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур ҳайати намояндагони Сафорати Қирғизистон низ ҳузур дошт.
Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои таҳкими муносибатҳои фарҳангии байни ду кишвар, ҳамкориҳои фарҳангӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
“Ҷонибҳо эҷоди ҳамкориҳои фарҳангиро омили тақвияти минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи байни давлатҳо арзёбӣ карданд”, - хабар додааст вазорати фарҳанг.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (слева) и Президент Киргизии 	Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Таъкиди Раҳмону Ҷабборов ба музокирот дар масоили марзӣ
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқот дар шаҳри Бишкек омодагияшонро барои музокироти кушод дар ҳамаи масоили дуҷониба баён доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0