https://sputnik.tj/20231013/takid-rahmon-jabborov-muzokirot-marz-1059937339.html
Таъкиди Раҳмону Ҷабборов ба музокирот дар масоили марзӣ
Таъкиди Раҳмону Ҷабборов ба музокирот дар масоили марзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқот дар шаҳри Бишкек омодагияшонро барои музокироти кушод дар ҳамаи масоили дуҷониба баён доштаанд
2023-10-13T13:27+0500
2023-10-13T13:27+0500
2023-10-13T13:27+0500
дар тоҷикистон
марз
таъйин
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0d/1059936851_0:0:3134:1762_1920x0_80_0_0_cd89dad14e9c5c06aa70508b9a39e300.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Масоили марзӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек будаст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қирғизистон иттилоъ дода, афзуд, ки мулоқоти Раҳмон бо Ҷабборов дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ сурат гирифт. "Роҳбарони кишварҳо масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон, доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ карданд", - гуфт манбаъ. Сарони давлатҳо аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсиро ҷиҳати таҳкими ҳамсоягии неки ду кишвар ва халқҳо таъкид намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов омодагии худро барои сӯҳбати ошкоро ва ҳамаҷониба дар тамоми самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд, гуфт дафтари матбуоти президенти Қирғизистон. Сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон аз масоили баҳсбарангези миёни ду кишвар мебошад, ки мунтазам сабаби даргириҳои ҷиддӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонони ҷонибҳо мешавад. Феълан гурӯҳҳои кории ду кишвар корҳоро дар таъйини марзҳо идома дода, мулоқотҳо бо навбат дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20230828/anjom-muzokirot-tojikistonu-uzbekiston-1059091950.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0d/1059936851_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_78da96c423e3502533bd6b6a7a23f809.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масоил, марзӣ, мулоқот, эмомалӣ раҳмон, содир ҷабборов
масоил, марзӣ, мулоқот, эмомалӣ раҳмон, содир ҷабборов
Таъкиди Раҳмону Ҷабборов ба музокирот дар масоили марзӣ
Роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқот дар шаҳри Бишкек омодагияшонро барои музокироти кушод дар ҳамаи масоили дуҷониба баён доштаанд
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Масоили марзӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек будаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қирғизистон иттилоъ дода, афзуд, ки мулоқоти Раҳмон бо Ҷабборов дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ сурат гирифт.
"Роҳбарони кишварҳо масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон, доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ карданд", - гуфт манбаъ.
Сарони давлатҳо аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсиро ҷиҳати таҳкими ҳамсоягии неки ду кишвар ва халқҳо таъкид намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов омодагии худро барои сӯҳбати ошкоро ва ҳамаҷониба дар тамоми самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд, гуфт дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.
Сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон аз масоили баҳсбарангези миёни ду кишвар мебошад, ки мунтазам сабаби даргириҳои ҷиддӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонони ҷонибҳо мешавад.
Феълан гурӯҳҳои кории ду кишвар корҳоро дар таъйини марзҳо идома дода, мулоқотҳо бо навбат дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд.