Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад

© APАфганские дети стоят возле дома, который был разрушен в результате землетрясения, Афганистан, 22 июня 2022 г
Афганские дети стоят возле дома, который был разрушен в результате землетрясения, Афганистан, 22 июня 2022 г - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз зилзилаи харобиовари ахир дар Ҳирот маводи ниёзи аввал ирсол намояд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Ҳироти Афғонистон кӯмаки башардӯстона ирсол менамояд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
“Тибқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар айни ҳол барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз вазъи бавуқуъомада дар пайи заминларза чораҳо меандешад”, иттилоъ додааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Миёни қурбониёни заминларза дар Афғонистон тоҷикистониён низ ҳастанд? Посухи Душанбе
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 7 октябр Ҳироти Афғонистонро якбора силсилаи заминҷунбиҳои қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд, мегӯянд мақомоти маҳаллӣ.
Ҳамчунин шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо дар музофоти Ҳирот беш аз 6 дараҷа будаст.
Ҳамчунин субҳи 9 октябр боз як заминҷунбии дигари қариб 5-дараҷаӣ минтақаи осебдидаро такон дод, аммо дар мавриди хисороти он ҳанӯз расман иттилое дода нашудаст.
Лентаи хабарҳо
0