https://sputnik.tj/20231017/vazir-difo-eron-emomali-rahmon-muloqot-1059990355.html
Оштиёнӣ дар Душанбе: вазири дифои Эрон бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот мекунад
Оштиёнӣ дар Душанбе: вазири дифои Эрон бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Эрон дар садри як ҳайати баландпояи низомӣ ба Тоҷикистон омада, мулоқоташ бо ҳамтои тоҷик ва президенти кишвари мизбон дар назар аст
2023-10-17T13:56+0500
2023-10-17T13:56+0500
2023-10-17T13:56+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
генерал
эрон
шералӣ мирзо
мулоқот
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/11/1059990027_0:0:2800:1575_1920x0_80_0_0_f24cc6dfc3954b4848f12b5b31d5766f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот анҷом хоҳад дод. Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Оштиёниро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо ва дигар мақомдорон истиқбол гирифтанд. Манбаъ афзуд, ки дар доираи сафар мулоқоти вазирони мудофиаи ду кишвар, баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи дифоъ ва шеваи иҷрои тавофуқоти марбута дар назар аст. Интизор меравад, ки генерал Оштиёнӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот кунад. Қобили зикр аст, ки вазирони дифои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Деҳлӣ дидору гуфтугӯ доштанд. Дар он дидор Оштиёнӣ таъкид карда буд, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон бар пояи бародарӣ, хешутаборӣ ва хунӣ равобити пойдор ва доимӣ хоҳад буд. Вазири дифои Эрон бо ишора ба табдили минтақаи Осиёи Марказӣ ба як макони бархӯрд ва гоҳе бархӯрд ва рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва беруназминтақаӣ, ҳамкориҳои Душанбею Теҳронро ба суди суботи минтақа хонда буд. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, амният ва тамомияти арзии Тоҷикистон буд ва ин сиёсатро хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20230926/kobulof-eron-amriko-troykai-afghoniston-1059597142.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/11/1059990027_311:0:2800:1867_1920x0_80_0_0_f219270ab11dca42182c691726a95fa5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал, эронӣ, роҳбарият, тоҷикистон
генерал, эронӣ, роҳбарият, тоҷикистон
Оштиёнӣ дар Душанбе: вазири дифои Эрон бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот мекунад
Вазири мудофиаи Эрон дар садри як ҳайати баландпояи низомӣ ба Тоҷикистон омада, мулоқоташ бо ҳамтои тоҷик ва президенти кишвари мизбон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот анҷом хоҳад дод.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Оштиёниро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо ва дигар мақомдорон истиқбол гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки дар доираи сафар мулоқоти вазирони мудофиаи ду кишвар, баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи дифоъ ва шеваи иҷрои тавофуқоти марбута дар назар аст.
Интизор меравад, ки генерал Оштиёнӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот кунад.
Қобили зикр аст, ки вазирони дифои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Деҳлӣ дидору гуфтугӯ доштанд.
Дар он дидор Оштиёнӣ таъкид карда буд, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон бар пояи бародарӣ, хешутаборӣ ва хунӣ равобити пойдор ва доимӣ хоҳад буд.
Вазири дифои Эрон бо ишора ба табдили минтақаи Осиёи Марказӣ ба як макони бархӯрд ва гоҳе бархӯрд ва рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва беруназминтақаӣ, ҳамкориҳои Душанбею Теҳронро ба суди суботи минтақа хонда буд.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, амният ва тамомияти арзии Тоҷикистон буд ва ин сиёсатро хоҳад дод.