https://sputnik.tj/20231016/zanbur-havonavardi-rustami-emomali-jalasa-navbati-1059975437.html
Аз баҳси занбӯр то ҳавонавардӣ: Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатиро даъват кард
Аз баҳси занбӯр то ҳавонавардӣ: Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатиро даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумони кишварро даъват кард, ки дар он баррасии як қатор қонунҳо дар назар мебошад
2023-10-16T13:58+0500
2023-10-16T13:58+0500
2023-10-16T13:58+0500
дар тоҷикистон
маҷлиси миллӣ
рустам эмомалӣ
даъват
баррасӣ
қонун
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058070109_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_777439cfa14d9df553226aa9705d44fe.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даъват карда шудаст. Қарор дар ин борарро раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба имзо расондааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласа баррасии як қатор қонунҳо дар назар мебошад. Интизор меравад, ки аъзои палатаи болоӣ иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намоянд. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масоили дигаре мебошад, ки интизор меравад, дар ҷаласаи оянда тасвиб гардад. Аъзои Маҷлиси миллӣ инчунин қонун "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"-ро ба тасвиб мерасонанд. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурииТоҷикистон, ба қонун дар бораи маориф ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони кишвар низ баррасӣ хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки бо қарори аъзои Маҷлиси миллӣ номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ иваз карда шавад.
https://sputnik.tj/20231012/malum-shud-ki-maqomot-ba-ikhtirokoronu-sohibkoron-chi-qadar-hujjathoi-hifozati-dodaast-1059921566.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058070109_93:0:2824:2048_1920x0_80_0_0_9b4bbfa7ad21477c7dfcb2e407fb2fcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, ҷаласа, навбатӣ, маҷлиси миллӣ, тоҷикистон
даъват, ҷаласа, навбатӣ, маҷлиси миллӣ, тоҷикистон
Аз баҳси занбӯр то ҳавонавардӣ: Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатиро даъват кард
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумони кишварро даъват кард, ки дар он баррасии як қатор қонунҳо дар назар мебошад
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даъват карда шудаст.
Қарор дар ин борарро раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба имзо расондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласа баррасии як қатор қонунҳо дар назар мебошад.
Интизор меравад, ки аъзои палатаи болоӣ иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намоянд.
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масоили дигаре мебошад, ки интизор меравад, дар ҷаласаи оянда тасвиб гардад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ инчунин қонун "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"-ро ба тасвиб мерасонанд.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурииТоҷикистон, ба қонун дар бораи маориф ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони кишвар низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар назар аст, ки бо қарори аъзои Маҷлиси миллӣ номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ иваз карда шавад.