https://sputnik.tj/20231014/levakant-jamovarii-pakhtaro-purra-va-barziyod-ijro-kard-1059952086.html
Левакант ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кард
Левакант ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ахиран деҳқонони ноҳияи Левакантро дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят барои иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта изҳори сипос кардааст
2023-10-14T09:31+0500
2023-10-14T09:31+0500
2023-10-14T09:31+0500
хатлон
пахта
ҷамъоварӣ
леваканд
иҷро
нақша
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0e/1047632690_0:31:2619:1504_1920x0_80_0_0_e223ac57cb4c64d4c43a4ba80bec4b63.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт— Sputnik. Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Левакант дурнамои солонаи ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардаанд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023 ба кулли пахтакорони Левакант барои сари вақт ва барзиёд иҷро кардани ҷамъоварии пахта изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти шаҳр Сипосномаи Мақомоти вилояти Хатлонро супорид.Имсола майдони кишти пунбадона дар Левакант 1030 гектарро ташкил дода, дурнамои ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 100 фоиз таъмин гардид.Ба нуқтаҳои қабул аз тарафи кишоварзони Левакант 2426 тонна (дурнамо - 2410 тонна) пахта супорида шудааст.Маврид ба зикр аст, ки то 10 октябр инчунин Ҷамоатҳои деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён, “Нури Вахш” ва “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Дӯстӣ, “Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мужда додаанд.
https://sputnik.tj/20231010/besh-nisfi-naqsha-jamovar-pakhta-tojikiston-1059886447.html
леваканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0e/1047632690_0:0:2619:1965_1920x0_80_0_0_6a7d409a2289040434f5dadfa0facd01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
левакант, ҷамъоварии пахта, иҷро, нақша, дурнамо, хатлон, кишоварзӣ
левакант, ҷамъоварии пахта, иҷро, нақша, дурнамо, хатлон, кишоварзӣ
Левакант ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кард
Раиси вилояти Хатлон ахиран деҳқонони ноҳияи Левакантро дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят барои иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта изҳори сипос кардааст
ДУШАНБЕ, 14 окт— Sputnik. Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Левакант дурнамои солонаи ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023 ба кулли пахтакорони Левакант барои сари вақт ва барзиёд иҷро кардани ҷамъоварии пахта изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти шаҳр Сипосномаи Мақомоти вилояти Хатлонро супорид.
Имсола майдони кишти пунбадона дар Левакант 1030 гектарро ташкил дода, дурнамои ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 100 фоиз таъмин гардид.
Ба нуқтаҳои қабул аз тарафи кишоварзони Левакант 2426 тонна (дурнамо - 2410 тонна) пахта супорида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки то 10 октябр инчунин Ҷамоатҳои деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён, “Нури Вахш” ва “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Дӯстӣ, “Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мужда додаанд.