https://sputnik.tj/20231018/dushanbe-hamla-bemorkhonai-falastin-1060007822.html
Душанбе ҳамла ба беморхонаи Фаластинро маҳкум кард
Душанбе ҳамла ба беморхонаи Фаластинро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Душанбеи расмӣ ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ дар Шарқи наздик даъват карда, хушунатро маҳкум намудаст
2023-10-18T13:13+0500
2023-10-18T13:13+0500
2023-10-19T11:47+0500
дар тоҷикистон
ҳамлаи хунин
беморхона
фаластин
исроил
маҳкум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038790050_0:151:2879:1770_1920x0_80_0_0_090c96749964607ee0d6b145ee4e6e41.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард. Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст. Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард. Маврид ба зикр аст, ки ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар навори Ғазза рӯзи 17 октябр рух дод. Вазорати тандурустии Ғазза гуфтааст, ки дар ин ҳодиса беш аз 500 нафар кушта шудаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон буданд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар ин ҳамла муттаҳам карданд ва Фаластин гуфт, ки ҳамла аз ҷониби ҳавопаймоҳои исроилӣ анҷом дода шудааст ва Исроил гуфтааст, ки бемористон бо мушаки иштибоҳан партобшуда аз ҷониби гурӯҳи Ҷиҳоди Исломии Фаластин тахриб гардид. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия ин амалро маҳкум карда, ҷонибҳоро ба худдорӣ аз хушунат даъват намуд.
https://sputnik.tj/20231017/davat-lukashenko-eron-munoqisha-1059991920.html
фаластин
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038790050_159:0:2718:1919_1920x0_80_0_0_6ea0c624284218a32b30a3bdae2da6f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, душанбе, оташбас, шарқи наздик, исроил, фаластин
даъват, душанбе, оташбас, шарқи наздик, исроил, фаластин
Душанбе ҳамла ба беморхонаи Фаластинро маҳкум кард
13:13 18.10.2023 (Навсозишуда: 11:47 19.10.2023) Душанбеи расмӣ ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ дар Шарқи наздик даъват карда, хушунатро маҳкум намудаст
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.
Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар навори Ғазза рӯзи 17 октябр рух дод. Вазорати тандурустии Ғазза гуфтааст, ки дар ин ҳодиса беш аз 500 нафар кушта шудаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон буданд.
Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар ин ҳамла муттаҳам карданд ва Фаластин гуфт, ки ҳамла аз ҷониби ҳавопаймоҳои исроилӣ анҷом дода шудааст ва Исроил гуфтааст, ки бемористон бо мушаки иштибоҳан партобшуда аз ҷониби гурӯҳи Ҷиҳоди Исломии Фаластин тахриб гардид.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия ин амалро маҳкум карда, ҷонибҳоро ба худдорӣ аз хушунат даъват намуд.