https://sputnik.tj/20231018/bazm-sinamo-dushanbe-idoma-video-1060027250.html
Базми синамо дар Душанбе идома дорад - видео
Базми синамо дар Душанбе идома дорад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Синамогарони Ӯзбекистон гулчини асарҳояшонро ба Тоҷикистон овардаанд, то дар доираи синамоҷашнвораи "Тоҷи Сомон" ба намоиш гузоранд
2023-10-18T20:18+0500
2023-10-18T20:18+0500
2023-10-18T20:18+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
фарҳанг
синамо
таҳким
тавсеа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060026720_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_4a7c6fd737d2f927af6435b0ebafbf3e.jpg
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи бузурги байнулмилалии "Тоҷи Сомон" идома дорад, ки дар доираи он Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон низ сурат гирифт. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон машғули бозтоби ҷашнвораи байнулмилалии "Тоҷи Сомон" аст, ки дар он коргардонҳои боистеъдод аз кишварҳои мухталиф аллакай асарҳои худро пешкаши тамошобинон кардаандРӯзи 18 октябр муаррифии лоиҳаи филми тоҷикиву ӯзбекии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" сурат гирифт. Ба тамошобинон инчунин филми бадеии "Ӯзбекдухтар" намоиш дода шуд. Созмони эронӣ ва “Тоҷикфилм” санади ҳамкорӣ имзо кардандСокинон ва меҳмонони Душанбе инчунин дар доираи ҷашнвораи байналмилалӣ метавонанд осори филмсозони русро тамошо кунанд.Намоили филмҳо дар толорҳои синамои "Наврӯз", "Кайҳон", "Парфенон", "Ватан" ва "Зебуннисо" то 19 октябр ба таври ройгон идома хоҳад кард. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060026720_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_b73927783d54798638073e90dd27b2b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идома, ройгон, намоиш, толор, синамо, ҷашнвора
идома, ройгон, намоиш, толор, синамо, ҷашнвора
Базми синамо дар Душанбе идома дорад - видео
Синамогарони Ӯзбекистон гулчини асарҳояшонро ба Тоҷикистон овардаанд, то дар доираи синамоҷашнвораи "Тоҷи Сомон" ба намоиш гузоранд
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи бузурги байнулмилалии "Тоҷи Сомон" идома дорад, ки дар доираи он Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон низ сурат гирифт.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон машғули бозтоби ҷашнвораи байнулмилалии "Тоҷи Сомон" аст, ки дар он коргардонҳои боистеъдод аз кишварҳои мухталиф аллакай асарҳои худро пешкаши тамошобинон кардаанд
Рӯзи 18 октябр муаррифии лоиҳаи филми тоҷикиву ӯзбекии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" сурат гирифт. Ба тамошобинон инчунин филми бадеии "Ӯзбекдухтар" намоиш дода шуд.
Сокинон ва меҳмонони Душанбе инчунин дар доираи ҷашнвораи байналмилалӣ метавонанд осори филмсозони русро тамошо кунанд.
Намоили филмҳо дар толорҳои синамои "Наврӯз", "Кайҳон", "Парфенон", "Ватан" ва "Зебуннисо" то 19 октябр ба таври ройгон идома хоҳад кард.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.