Созмони умури синамои Эрон ва “Тоҷикфилм” санади ҳамкорӣ имзо карданд

© Сафорати Эрон дар ДушанбеИмзои санади ҳамкорӣ миёни Созмони умури синемоӣ ва самъи басарии Эрон ва “Тоҷикифилм”
Имзои санади ҳамкорӣ миёни Созмони умури синемоӣ ва самъи басарии Эрон ва “Тоҷикифилм” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе миёни Созмони умури синамоӣ ва самъи басарии Эрон ва “Тоҷикифилм” ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тоҷикистону Эрон ёддошти тафоҳуми ҷадид дар бораи ҳамкориҳо дар бахши синамо ба имзо расониданд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, санади нави ҳамкорӣ аз тарафи раиси созмони умури синамоӣ ва самъи басарии Эрон ва раҳбарияти “Тоҷикфилм” ба имзо расидааст.
“Дар ҷараёни сафари Муҳамад Хазоӣ муовини вазири фарҳангу иршоди исломӣ ва раиси созмони умури синемоӣ ва самъи басарии Эрон ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар аввалин ҷашнвораи байналмилалии филми душанбе "Тоҷи Сомон" ،тайи маросиме тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Созмони мазкур ва Кумитеи давлатии “Тоҷикфилм” ба имзои ду тараф расид”, - таъкид кардааст сафорат.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи кинои тоҷик Синамобазми якуми байналмилалии Душанбе "Тоҷи Сомон" оғоз гардид.
Национальная кинопремия в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Барандагони аввалин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” эълон шуданд
Дар ин ҷашнвора аз 26 кишвари ҷаҳон меҳмонон ширкат мекунанд.
Ба Синамобазми мазкур 200 филм аз давлатҳои гуногун пешниҳод шуд, аз ин 70 филм ба Синамоҷашнвораи якуми Байналмиллалии Душанбе "Тоҷи Сомон" роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе "Тоҷи Сомон" аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 баргузор шуда он таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” мегузарад.
Сокинони пойтахт метавонанд ҳамарӯза дар кинотеатрҳои “Зебунисо”, Кайҳон” , "Кохи Наврӯз", "Ватан", "Зебуннисо", "Парфенон" (Сиёма-Молл) филмҳои бадеиву ҳуҷҷатиро ройгон тамошо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0