Зарбаи Исроил ба ситоди кулли Ҳамос

© AP / Sebastian ScheinerАртиши Исроил, акс аз бойгонӣ
Артиши Исроил, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Обуна шудан
Мақомдорони артиши мудофиаи Исроил эълон доштанд, ки бар асари зарбаҳои ҳавоӣ як фармондеҳи баландпояи нерӯҳои гуруҳи Ҳамосро нобуд кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 окт— Sputnik. Нерӯҳои дифои Исроил гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба қароргоҳи ҷунбиши Фаластинии Ҳамос зарба заданд.
"Низомиёни нерӯҳои дифои Исроил ба қароргоҳи созмони террористии Ҳамос зарба зада, як агенти низомии Ҳамосро куштанд", - омадааст дар иттилоия.
Илова бар Исроил эълон дошт, ки дар як шабонарӯзи охир ба иншооти низомии мутааллиқ ба Ҳамос ва Ҷиҳод ва инчунин ба бонке, ки барои маблағгузории ҷунбиши Фаластин истифода мешуд, зарбаҳо анҷом додааст.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Захарова: Амрико муноқишаи Ховари Миёнаро ба нуқтаи бебозгашт расонидааст
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр, Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи густурдаи мушакҳо қарор гирифт. Илова бар ин, баъди ҳамлаҳои мушакӣ ҷангиёни ин созмон ба манотиқи марзӣ дар ҷануби давлати яҳудӣ ворид шуданд.
Артиши Исроил дар амалиёти ҷавобӣ минтақаҳоро дигарбора озод карда, ба навори Ғазза мунтазам зарбаҳои ҳавоӣ мезанад.
Дар пайи ташаннуҷи ахири вазъ дар Шарқи Наздик аз ҳарду тараф ҳазорҳо нафар куштаю маҷруҳ шуданд.
Маскав ҷонибҳоро ба оташбас даъват карда, ҳалли буҳронро дар Шарқи наздик ташкили низоми дудавлатӣ бар асоси эъломияи СММ донист.
Лентаи хабарҳо
0