Кобулов: Эрон ҷойи Амрикоро дар тройкаи тавсеаёфта барои Афғонистон гирифтааст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану
Замир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Намояндаи вижаи путин барои Афғонистон бо таъкид бар ин ки Амрико ба нишасти формати Маскав даъват нашудааст, изҳор дошт Эрон ҷойи Амрикоро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раиси идораи дувуми Осиёи вазорати хориҷаи Русия ва намояндаи вижаи Владимир Путин барои Афғонистон Замир Кобулов ахиран эълон кард, ки гурӯҳи тройкаи тавсеаёфта дар мавриди Афғонистон, ки Амрико низ дар он шомил буд, амалан аз байн рафтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “ТАСС”.
Оқои Кобулов гуфт, ки Эрон ҷойи Амрикоро дар ин чорчуб гирифтааст ва гуфтугӯҳо акнун дар қолаби гурӯҳи чаҳоргонаи Русия, Чин, Покистону Эрон ба кори худ идома медиҳад.
Вай ҳамчунин тасреҳ кард Русия аз намояндагони Амрико барои ҳузур дар нишасти машваратии формати Маскав барои Афғонистон даъват накарда ва барномае низ барои ин кор надоштааст.
Пеш аз ин вазири хориҷа Русия Сергей Лавров гуфта буд, Маскав интизор дорад дар нишасти формати Маскав, ки қарораст 29 сентябр дар шаҳри Қазон баргузор шавад, кишварҳои минтақа дар мавриди чигунагии кумак ба Афғонистон барои ғалаба бар мушкилоти кунунӣ дар ин кишвар гуфтугӯ кунанд.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2023
Толибон: Омодаи гуфтугӯ дар бораи қазоии Афғонистон бо ҷаҳон ҳастем
Аз сӯйи дигар, сухангӯии вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова низ дар як нишаст хабарӣ гуфта буд, дар ин нишасти вазъияти кунунии Афғонистон, оштии байналафғонӣ, амнияти минтақаии ва бозсозии пас аз ҷанг баҳс хоҳад шуд ва қарор аст баёнияи муштаракии дар ин бора содир шавад.
Формати Маскав дар мавриди Афғонистони шомили Русия, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аст.
Лентаи хабарҳо
0