https://sputnik.tj/20231017/tojikiston-idm-hamkori-iiao-istifoda-1059984007.html
Тоҷикистон аз узвияташ дар ИДМ барои ҳамкорӣ бо ИИАО истифода мекунад
Тоҷикистон аз узвияташ дар ИДМ барои ҳамкорӣ бо ИИАО истифода мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари ин, ҳамкориҳо бо ИИАО барои Ӯзбекистон, ки мақоми нозир дар Иттифоқ дорад, самараноктар аст, гуфт доктори илмҳои иқтисод Аза Мигранян
2023-10-17T09:41+0500
2023-10-17T09:41+0500
2023-10-17T09:41+0500
дар тоҷикистон
идм
ииао
ҳамгироӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819590_0:221:3065:1945_1920x0_80_0_0_4e79dac2ff91b9d902dd3db8fc9cf1c5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодӣ аз зарфияти ИДМ фаъолона истифода мекунад, ки тавассути он барои ворид шудан ба бозори умумии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) имтиёзҳои хуб дорад.Дар ин бора доктори илмҳои иқтисод, ходими пешбари илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравӣ Аза Мигранян зимни ҷамъбасти натоиҷи нишасти раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек изҳор дошт.Вай ёдовар шуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба имтиёзҳо дар бозори меҳнат дастрасӣ дорад. Ҷумҳурӣ дар ин соҳа бо кишварҳои ИИАО шартномаҳо имзо кардааст.Дар баробари ин, дар Ӯзбекистон, ки мақоми нозирро дорад, ҳамкориҳо бо ИИАО самараноктар аст ва ба ҳамин хотир ҳамкориҳои ИИАО бо ин ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.Мигранян қайд кард, ки Ӯзбекистон дорои иқтисоди тавонотар аст. Бахши саноати ин ҷумҳурӣ ҷойи намоён дорад, ки Тоҷикистон чунин шароитро надорад."Ҳар як кишвар ҳамгироӣ ва дараҷаи ҳамкории худро дар асоси имконоти иқтисодии худ интихоб мекунад", - таъкид кард коршинос.Ба гуфтаи вай, барои Тоҷикистон афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ИИАО муҳим аст, ба хусус ба далели вазъият бо Қирғизистон."Дар бархе бахшҳо Душанбе барои ба даст овардани тавофуқоти ҳамгироӣ талош мекунад, аммо албатта, ҳамкориҳои дуҷониба ҷойгузини узвияти комил дар иттиҳодияро надоранд", - гуфт Мигранян.Коршинос қайд кард, ки ҳамон лаҳзае, ки фоида ва манфиатҳои ИИАО ва Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, масъалаи ҳамгироӣ матраҳ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20231015/tahrimho-rusiya-hamkoriho-osiyo-markazi-iiao-tasir-1059963238.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819590_77:0:2808:2048_1920x0_80_0_0_dc9a715c14ffb8983357ce2ad31165c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао, идм, ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, истифода
тоҷикистон, ииао, идм, ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, истифода
Тоҷикистон аз узвияташ дар ИДМ барои ҳамкорӣ бо ИИАО истифода мекунад
Дар баробари ин, ҳамкориҳо бо ИИАО барои Ӯзбекистон, ки мақоми нозир дар Иттифоқ дорад, самараноктар аст, гуфт доктори илмҳои иқтисод Аза Мигранян
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодӣ аз зарфияти ИДМ фаъолона истифода мекунад, ки тавассути он барои ворид шудан ба бозори умумии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) имтиёзҳои хуб дорад.
Дар ин бора доктори илмҳои иқтисод, ходими пешбари илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравӣ Аза Мигранян зимни ҷамъбасти натоиҷи нишасти раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек изҳор дошт.
Вай ёдовар шуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба имтиёзҳо дар бозори меҳнат дастрасӣ дорад. Ҷумҳурӣ дар ин соҳа бо кишварҳои ИИАО шартномаҳо имзо кардааст.
Дар баробари ин, дар Ӯзбекистон, ки мақоми нозирро дорад, ҳамкориҳо бо ИИАО самараноктар аст ва ба ҳамин хотир ҳамкориҳои ИИАО бо ин ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.
"Ба Тоҷикистон барои пешрафт дар ин самт ҳеҷ чизе монеъ нашудааст, аммо ман вокуниши то ҳадде таъхирёфтаи онҳоро мефаҳмам, чун сатҳи ҳамгироӣ аз иқтидори иқтисодӣ вобастааст", - гуфт коршинос.
Мигранян қайд кард, ки Ӯзбекистон дорои иқтисоди тавонотар аст. Бахши саноати ин ҷумҳурӣ ҷойи намоён дорад, ки Тоҷикистон чунин шароитро надорад.
"Ҳар як кишвар ҳамгироӣ ва дараҷаи ҳамкории худро дар асоси имконоти иқтисодии худ интихоб мекунад", - таъкид кард коршинос.
Ба гуфтаи вай, барои Тоҷикистон афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ИИАО муҳим аст, ба хусус ба далели вазъият бо Қирғизистон.
"Дар бархе бахшҳо Душанбе барои ба даст овардани тавофуқоти ҳамгироӣ талош мекунад, аммо албатта, ҳамкориҳои дуҷониба ҷойгузини узвияти комил дар иттиҳодияро надоранд", - гуфт Мигранян.
Коршинос қайд кард, ки ҳамон лаҳзае, ки фоида ва манфиатҳои ИИАО ва Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, масъалаи ҳамгироӣ матраҳ хоҳад шуд.