Таҳримҳо бар зидди Русия ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиё Марказӣ бо ИИАО таъсир нарасонд

Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Обуна шудан
Тавре коршинос Игор Шестаков қайд кард, дар соли 2023 қудратҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ба гуфтаи коршинос Игор Шестаков моҳи сентябри соли равон сарони Иёлоти Муттаҳида ва Олмон ба муколама бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохтанд, ки боиси таваҷҷӯҳи бештари таҳлилгаронро ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам берун аз он шуд, иттилоъ додааст mk.kg.
Оқои Шестақов афзуд пас аз мулоқот бо Байден бисёре аз коршиносони хориҷӣ қайд карданд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар барномаи сиёсати хориҷии Вашингтон ҷои дуввумро ишғол мекунад.
“Дар муддати тӯлонӣ ҷониби Амрико ба пешбурди демократия ва рӯзномаи Афғонистон дар Осиёи Марказӣ тамаркуз кардааст. Аммо тайи ду соли ахир Иёлоти Муттаҳида ошкоро нияти маҳдуд кардани нуфузи Русия дар Осиёи Марказиро баён карда, аз кишварҳои минтақа талаб кардаанд, ки аз таҳримҳои зидди Русия ҳимоят кунанд ва аз лиҳози иқтисодӣ ва масоили амниятӣ аз Маскав то ҳадди имкон дур шаванд”, - кайд кард коршинос.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки рақамҳои воқеии гардиши мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Русия, ки дар солҳои 2022-2023 ба сатҳи рекордӣ расидаанд, нишон медиҳанд, ки инзивои тиҷории Русия аз ҷониби Ғарб, пеш аз ҳама, таъсири ғайричашмдошт барои ИМА дошта бошад, зеро нишондихандаҳои иқтисодии тиҷоратӣ зиёда аз 40 млрд долларро ташкил дод.
Таблетки в блистере. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Бақайдгирии доруҳои дорои аҳамияти махсус дар кишварҳои ИИАО содда карда мешавад
“Ҳамчунин, таҳримҳои зидди Русия ба динамикаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИИАО таъсири ҷиддие нагузоштанд”,- қайд кард коршинос.
Вай инчунин таъкид кард, ки фазои ИИАО на танҳо аз нуқтаи назари бозори фурӯш, балки ҳамчун як масири транзитӣ барои интиқоли мол аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо таваҷҷӯҳ дорад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки омили асосии ИИАО ин пойбандӣ ба ғояҳои бисёрқутбӣ, ҳамкориҳои баробарҳуқуқии мутақобилан судманд, тиҷорати озод ва рад кардани протекционизм мебошад. Ин барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ҳам дар доираи ИИАО ва ҳам тавассути хатти “Иттиҳод – давлатҳои хориҷӣ” замина фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0