https://sputnik.tj/20231017/sohibkor-tojik-somoni-khayr-1059999250.html
Соҳибкори тоҷик 15 млн сомонияшро хайр кард
Соҳибкори тоҷик 15 млн сомонияшро хайр кард
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори тоҷик бо харҷи ҳудуди 15 млн сомонӣ хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғунро бунёд карда, бо ҳузури мақомдорон ба истифода супурд
2023-10-17T19:38+0500
2023-10-17T19:38+0500
2023-10-17T19:38+0500
дар тоҷикистон
маориф
хобгоҳ
интернат
таълим
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103145/36/1031453645_0:82:3092:1821_1920x0_80_0_0_68325a327cdf531b01342122303dd6cf.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Хобгоҳ барои беш аз 100 муҳассилини интернат дар шаҳри Роғун бо маблағи зиёда аз 15 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Давлатзода сохта шуд, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, хобгоҳ аз 2 ошёна иборат буда, дар маросими ифтитоҳи он вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, мудири агентии "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдулваҳобзода, раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иштирок доштанд. Манбаъ афзуд, ки хобгоҳ дорои 14 ҳуҷраи хоб, 2 синфхонаи дарстайёркунӣ, 1 китобхона бо толори китобхонӣ, 1 ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, 4 анбор, маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва дегхонаи буғӣ мебошад.Вазири маориф ва илм дар маросими ифтитоҳ гуфт, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ идома дорад. "Муҳассилинро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиони варзида шаванд, то тавонанд дар рушди кишвари азизамон саҳми худро гузоранд", - гуфт Саидзода. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо шарту шароити зисти таълимгирандагон дар хобгоҳ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба тарбиятгирандагон дар таълиму тарбия муваффақият орзу намудаст.
https://sputnik.tj/20231009/tojikiston-maktab-nav-mesozand-1059855383.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103145/36/1031453645_243:0:2974:2048_1920x0_80_0_0_c01c595a255c828e4017d33be4bac38d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хобгоҳ, тоҷир, тоҷик, бунёд, роғун, кумак
хобгоҳ, тоҷир, тоҷик, бунёд, роғун, кумак
Соҳибкори тоҷик 15 млн сомонияшро хайр кард
Соҳибкори тоҷик бо харҷи ҳудуди 15 млн сомонӣ хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғунро бунёд карда, бо ҳузури мақомдорон ба истифода супурд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Хобгоҳ барои беш аз 100 муҳассилини интернат дар шаҳри Роғун бо маблағи зиёда аз 15 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Давлатзода сохта шуд, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, хобгоҳ аз 2 ошёна иборат буда, дар маросими ифтитоҳи он вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, мудири агентии "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдулваҳобзода, раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иштирок доштанд.
Манбаъ афзуд, ки хобгоҳ дорои 14 ҳуҷраи хоб, 2 синфхонаи дарстайёркунӣ, 1 китобхона бо толори китобхонӣ, 1 ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, 4 анбор, маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва дегхонаи буғӣ мебошад.
Вазири маориф ва илм дар маросими ифтитоҳ гуфт, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
"Муҳассилинро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиони варзида шаванд, то тавонанд дар рушди кишвари азизамон саҳми худро гузоранд", - гуфт Саидзода.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо шарту шароити зисти таълимгирандагон дар хобгоҳ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба тарбиятгирандагон дар таълиму тарбия муваффақият орзу намудаст.