Русия Тоҷикистонро ба рӯйхати махсус ворид кард: Он чӣ имкониятҳо медиҳад?

© Sputnik / Максим БлиновПосетители в первом офисе Сбербанка
Посетители в первом офисе Сбербанка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Обуна шудан
Рӯйхати ҷадиди тасдиқкардаи Русия номгӯи кишварҳоеро дар бар мегирад, ки шаҳрвандонашон ҳаққи дастрасии осон ба хадамоти молиявиро доранд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳашт кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба шумули Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудаанд, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд ба таври фосилавӣ барои муомилоти молиявӣ дар Русия шиносоӣ гузаранд.
Рӯйхати мазкурро ҳукумати Русия ба тасвиб расонда, он дастрасиро ба хадамоти молиявӣ осон мекунад.
Аз ҷумла шаҳрвандон аз кишварҳои мазкур метавонанд ба таври фосилавӣ дар бонкҳои Русия суратҳисоб кушоянд.
Дар ин рӯйхат ҳамагӣ 25 давлат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон шомиланд.
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Дар Тоҷикистон бонк бо номи нав фаъол шуд
Ҳамчунин дар ин феҳраст Алҷазоир, Баҳрайн, Бразилия, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Қатар, Чин, Кувайт, Малайзия, Муғулистон, АМА, Уммон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Туркия ном бурда шудаанд.
Ҳукумат ин рӯйхатро барои иҷрои қонуне, ки дар моҳи июли соли 2023 қабул шуда буд, таҳия кардааст, ки дастрасии хориҷиёнро ба хидматрасониҳои молиявӣ дар Русия осонтар кардааст.
Мақомоти Русия қаблан изҳор дошта буданд, ки додугирифти молиявиро бо кишварҳои ИДМ бо пулҳои миллӣ таҳким мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0