Бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” рекорд гузошт

© Федератсияи футболи ТоҷикистонБозии "Истиқлол" бо "Ал-Наср"
Бозии Истиқлол бо Ал-Наср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Бозии ин ду тим аз ҳисоби тамошобин сербинандатарин шуд. Зеро рафти бозиро беш аз 200 млн нафар дар назди экранҳо тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср”–ро беш аз 200 млн тамошобин дар назди экранҳои телевизион тамошо кардаанд, хабар медиҳад “Варзиш ТВ”.
Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз ҳисоби тамошобини бештар рекорд гузошт.
“Истиқлол” ва “Ал-Наср” дар доираи бозии даври дуюми марҳилаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” бозӣ карданд.
Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
"Истиқлол" натавонист "Ал-Наср" -ро мағлуб кунад
Ягона голро аз дастаи “Истиқлол” Сенин Себаӣ дар дақиқаи 44 – ум ба самар расонд.
Зимнан, як голро Криштиану Роналду ва ду голи дигарро Андерсон Талиска ба дарвозаи футболбозони тоҷик ворид кард.
Бояд гуфт, дар даври саввуми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё тими “Истиқлол” бо дастаи “Персиполос” вомехӯранд. Бозии ин ду даста рӯзи 24 октябр баргузор мешавад. Ҳамчунин “Ал-Наср” бо дастаи “Ал-Дуҳайл” – и Қатар бозӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0