Вазири хориҷаи ИМА маҷбур шуд, шаби дароз мунтазири дидор бо Шоҳзодаи Арабистон шавад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПринц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд
Принц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Вазири хориҷаи ИМА-ро маҷбур кард, тамоми шаб барои дидору мулоқот бо ӯ интизор шавад
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар ҷараёни сафар ба Арабистони Саудӣ маҷбур шуд, ки тамоми шаб интизор шавад то бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар мулоқот намояд, хабар медиҳад “Washington Post”.
"Дар Риёз ҳокими Саудӣ Блинкенро маҷбур сохт барои мулоқоте, ки бояд шом (шанбе) баргузор мешуд, чанд соат мунтазир шавад, аммо шоҳзода то субҳи дигар ҳозир нашуд", - менависад рӯзнома.
Блинкен дар ҷараёни сафари худ ба Ховари Миёна бо бин Салмон, ки ба таври муассир кишварро идора мекунад, дар ҳоле мулоқот кард, ки авҷ гирифтани низоъ миёни Фаластин ва Исроил давом дорад.
Мужчина бежит в укрытие во время обстрела Израиля Палестиной 7 октября 2023 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Тоҷикистониён дар низои Ғазза ва Исроил осеб дидаанд: Шарҳи ВУХ
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр ба манотиқи таҳти ишғоли Исроил аз навори Ғазза мушакҳо партоб карда шуд.
Ҳамин тариқ, ҷунбиши "Ҳамос"-и Фаластин амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Бар асоси охирин маълумот, шумори қурбониён дар навори Ғазза аз 2 ҳазор нафар гузаштааст. Исроил аз марги беш аз ҳазорҳо хабар дод. Аз ҳарду ҷониб чанд ҳазор нафар шаҳрвандон низ маҷрӯҳ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0