https://sputnik.tj/20231016/vazir-difo-eron-ba-tojikiston-meoyad-1059975999.html
Вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон меояд
Вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари вазири мудофиаи Эрон ба Тоҷикистон ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар заминаи амниятро баррасӣ кунанд
2023-10-16T15:59+0500
2023-10-16T15:59+0500
2023-10-17T13:44+0500
амният ва мудофиа
эрон
дар тоҷикистон
генерал
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузории эронии Tasnim иттилоъ дода, афзуд, ки генерали баландпоя бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад. Дар мавриди замони сафар иттилоъ дода шудааст, ки Муҳаммадризо Оштиёнӣ 17 октябри соли 2023 вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад."Вазири дифоъ ва таъминоти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар раъси як ҳайъати воломақом озими Тоҷикистон мешавад", - омадааст дар иттилоия. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар заминаи амният ва дифоъро баррасӣ кунанд.Илова бар ин, дар натиҷаи музокирот Эрон ва Тоҷикистон қарордодҳои дифоъӣ хоҳанд кард. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳоро идома медиҳанд. Тоҷикистон ҳамкориҳои низомиро бо кишварҳои минтақа тақвият мебахшад. Қаблан вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар садри як ҳайати баландпоя дар Покистон қарор дошта, ҳайати покистониро низ дар Душанбе қабул кард.
https://sputnik.tj/20231016/eron-jang-isroil-oghoz-1059973146.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал, баландпоя, эрон, тоҷикистон, амният
генерал, баландпоя, эрон, тоҷикистон, амният
Вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон меояд
15:59 16.10.2023 (Навсозишуда: 13:44 17.10.2023) Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари вазири мудофиаи Эрон ба Тоҷикистон ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар заминаи амниятро баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора хабаргузории эронии Tasnim иттилоъ дода, афзуд, ки генерали баландпоя бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад.
Дар мавриди замони сафар иттилоъ дода шудааст, ки Муҳаммадризо Оштиёнӣ 17 октябри соли 2023 вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад.
"Вазири дифоъ ва таъминоти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар раъси як ҳайъати воломақом озими Тоҷикистон мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар заминаи амният ва дифоъро баррасӣ кунанд.
Илова бар ин, дар натиҷаи музокирот Эрон ва Тоҷикистон қарордодҳои дифоъӣ хоҳанд кард. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳоро идома медиҳанд.
Тоҷикистон ҳамкориҳои низомиро бо кишварҳои минтақа тақвият мебахшад. Қаблан вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар садри як ҳайати баландпоя дар Покистон қарор дошта, ҳайати покистониро низ дар Душанбе қабул кард.