Эрон гуфт, кай ҷанг бо Исроилро оғоз хоҳад кард

© AP / Vahid SalemiРакеты "Хайбар-бастер" на грузовике во время ежегодного военного парада, Тегеран, Иран
Ракеты Хайбар-бастер на грузовике во время ежегодного военного парада, Тегеран, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид эҳтимоли вуруди ҷумҳурии исломӣ ба даргирии мусаллаҳона бо давлати Исроилро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Агар Исроил ба Эрон ҳамла накунад, ҷумҳурии исломӣ нияти ворид шудан ба ҷангро надорад.
Дар ин бора ба РИА Новости дар намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар додаанд.
Теҳрон ҳамчунин итминон дорад, ки мардуми Фаластин "тавони дифоъ аз худ хоҳад дошт".
Қаблан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз эҳтимоли вуруди ҷумҳурии исломии Эрон ба даргирӣ дар Шарқи Наздик гуфтанд, аммо дар зимн эътироф намуданд, ки осори дахолати Теҳрон ба шиддати ахири авзоъ дар минтақаро надиданд.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Захарова: Амрико муноқишаи Ховари Миёнаро ба нуқтаи бебозгашт расонидааст
Ахиран мудири Осорхонаи нерӯҳои дифои ҳавоӣ Юрий Кнутов, гуфт, Исроил сегонаи ҳастаӣ дорад ва иқтидори ҳастаияшро на дар Ғазза, балки метавонад зидди Эрон кор барад.
Ин кишвар бо мушакҳои тактикӣ, ҳавопаймои бомбандози фаронсавӣ ва киштиҳои зериобии олмонӣ муҷаҳҳаз аст, ҳамаи онҳо қодиранд лавозимоти ҳастаӣ дошта бошанд, гуфт коршинос.
"Онҳо аз ин ҳама дар навори Ғазза истифода нахоҳанд кард, зеро аз партовҳои радиоактивӣ худашон метавонанд зарар бинанд", - гуфт Кнутов.
Вай афзуд, ин аслиҳаро метавонанд зидди Эрон истифода баранд, агар гуруҳҳои марбути он ба таври густарда вориди ин низоъ шаванд. Коршинос зикр намуд, ки Эрон низ зарфияти бузурги силоҳи мушакӣ дорад, ки қодир ба зарбаҳо ба Исроил мебошад.
Лентаи хабарҳо
0