https://sputnik.tj/20230816/rais-sud-tayini-jazo-dollar-pora-1058861988.html
Пораи калон барои ҷазои сабук: Чаро раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шуд?
Пораи калон барои ҷазои сабук: Чаро раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои тафтишот, собиқ раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар он айбдор мешавад, ки ба ивази пора таъйини ҷарима ба сифати ҷазоро ваъда додаст 16.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-16T16:26+0500
2023-08-16T16:26+0500
2023-08-16T20:53+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суд
суғд
раис
боздошт
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/04/1055310679_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_372fdf4c349f0308b15afbd79b26ac93.jpg
ДУШАНБЕ 16 авг – Sputnik. Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми гирифтани пора аз судшавандаҳо дастгир шудааст. Дар ин бора сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, Аваз Шарафзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳамакнун собиқ раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора идома дорад. Шарафзода иттилоъ дод, ки ба ниҳоди мубориза бо коррупсия 2 шаҳрванд муроҷиат карда, арз доштанд, ки раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов барои таъйини ҷазои ҷаримавӣ аз рӯи парвандаи хешовандонашон, ба сифати пора 23 ҳазор доллар талаб намудааст. Муроҷиаткунандагон таъкид намудааст, ки аз маблағи талабнамудааш додрас пешакӣ 20 ҳазор долларашро гирифтааст. Таъкид гардидаст, ки феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ раиси суд, бар асоси моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани пора ба миқдори махсусан калон идома дорад. Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд афзуд, ки таҳқиқи парвандаи собиқ судяро додситонии кулли Тоҷикистон пеш бурда истодааст. Дар маҷмӯъ, ба иттилои Идораи мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 256 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шудааст, ки беш аз 90 адади онҳо ҷиноятҳои вазнин арзёбӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20230816/taftish-qarib-million-pul-bujet-1058856017.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/04/1055310679_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_d5a5acbc19f33900d8fbeba96cee7067.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, суд, суғд, раис, боздошт, коррупсия
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, суд, суғд, раис, боздошт, коррупсия
Пораи калон барои ҷазои сабук: Чаро раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шуд?
16:26 16.08.2023 (Навсозишуда: 20:53 16.08.2023) Ба иттилои тафтишот, собиқ раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар он айбдор мешавад, ки ба ивази пора таъйини ҷарима ба сифати ҷазоро ваъда додаст
ДУШАНБЕ 16 авг – Sputnik. Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми гирифтани пора аз судшавандаҳо дастгир шудааст.
Дар ин бора сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, Аваз Шарафзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳамакнун собиқ раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора идома дорад.
Шарафзода иттилоъ дод, ки ба ниҳоди мубориза бо коррупсия 2 шаҳрванд муроҷиат карда, арз доштанд, ки раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов барои таъйини ҷазои ҷаримавӣ аз рӯи парвандаи хешовандонашон, ба сифати пора 23 ҳазор доллар талаб намудааст.
Муроҷиаткунандагон таъкид намудааст, ки аз маблағи талабнамудааш додрас пешакӣ 20 ҳазор долларашро гирифтааст.
Таъкид гардидаст, ки феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ раиси суд, бар асоси моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани пора ба миқдори махсусан калон идома дорад.
Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд афзуд, ки таҳқиқи парвандаи собиқ судяро додситонии кулли Тоҷикистон пеш бурда истодааст.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои Идораи мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 256 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шудааст, ки беш аз 90 адади онҳо ҷиноятҳои вазнин арзёбӣ мешаванд.