Маскав ба вайрон кардани мулоқоти "панҷгонаи ҳастаӣ" иҷозат надод

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Мулоқот дар майдони Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, аммо мақоми он то як тамоси корӣ поин оварда шуд, иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷии Русия
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷоза надод, ки мулоқот дар формати "панҷгонаи ҳастаӣ" дар Ню-Йоркро халалдор кунад.
Дар ин бора мудири департамент оид ба паҳн накардан ва назорати силоҳи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Владимир Ермаков изҳор дошт. Гуфта мешавад, ки Вашингтон ба ду дипломати рус раводид надодааст.
Дар талоши халал ворид кардан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба раҳбари ҳайати Русия ва як дипломати дигари рус барои ширкат дар нишасти "панҷгонаи ҳастаӣ" раводид надодааст, изҳор дошт Ермаков.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Оянда чӣ гуна хоҳад буд? Лавров мушкилоти аслии ҷаҳон, гунаҳкорон ва роҳҳои ҳалро гуфт
"Мо ба амрикоиҳо иҷоза надодем, ки ҷаласаи аввалини таҳти ҳамоҳангии мо, ки мо онро ҷиддӣ ва бо тамоми масъулият қабул мекунем, халалдор кунанд", - гуфт ӯ.
Дипломати Русия гуфт, мулоқот дар майдони СММ баргузор шуд, аммо мақоми он ба як тамоси корӣ поин оварда шуд.
Ҳамин тариқ, муҳокима ба меъёрҳои ташкили кор дар "панҷгона" дар даврае, ки Русия "функсияҳои зикршударо" иҷро мекунад, бахшида шуд.
"Мо ба ҳамкасбони худ равишҳоеро расонидем, ки ният дорем дар доираи ин формат ба он пайравӣ кунем", - гуфт гуфт дипломат.
Айни замон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаҳои Кумитаи якум ҷараён доранд.
Лентаи хабарҳо
0