https://sputnik.tj/20231016/juziyot-muloqot-yatimov-toshiev-marz-buston-1059983451.html
Ҷузъиёти мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар бораи марз дар шаҳри Бӯстон
Ҷузъиёти мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар бораи марз дар шаҳри Бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти сардорони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо дастури президенти кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов сурат гирифтааст
2023-10-16T20:31+0500
2023-10-16T20:31+0500
2023-10-17T12:03+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
саймумин ятимов
қамчибек тошиев
бӯстон
музокирот
мулоқот
аломатгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/10/1059983005_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_64117f24b7a36c24dc49ae2b57d79829.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи марз мулоқот анҷом доданд.Cардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Музаффар Юнусов дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Бино ба иттилоъи манбаъ, мулоқоти ҷонибҳо имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир гардид.Юнусов зикр кард, ки зимни мулоқот сарони ҳайатҳо аз рафти иҷрои созишномаҳои ҷонибҳо оид ба тавсифи хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пурзӯр намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи сарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.Сарони ҳайатҳо аз аҳамияти имзои Протоколи No44 аз 2 октябри соли 2023 – ро дар иҷрои тамоми корҳо ва суръат бахшидан ба раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муҳим шуморида изҳор намуданд, ки омодаанд нуктаҳои онро қатъиян ба амал бароранд.
https://sputnik.tj/20231003/yatimov-toshiev-marz-barrasi-1059749409.html
қирғизистон
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/10/1059983005_63:0:1200:853_1920x0_80_0_0_d1a1c7cfbb6954dc6a6cf74f8ce2ba7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ятимов, тошиев, марз, аломатгузорӣ, бӯстон,
тоҷикистон, қирғизистон, ятимов, тошиев, марз, аломатгузорӣ, бӯстон,
Ҷузъиёти мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар бораи марз дар шаҳри Бӯстон
20:31 16.10.2023 (Навсозишуда: 12:03 17.10.2023) Эксклюзив
Мулоқоти сардорони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо дастури президенти кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи марз мулоқот анҷом доданд.
Cардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Музаффар Юнусов дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ, мулоқоти ҷонибҳо имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир гардид.
“Дар мулоқот ба ҳисоби сардорони кумитаҳои амнияти миллӣ инчунин раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва мақомоти интизомӣ аз ҳарду ҷониб иштирок карданд” – гуфт, сардори Хадамоти матбуот.
Юнусов зикр кард, ки зимни мулоқот сарони ҳайатҳо аз рафти иҷрои созишномаҳои ҷонибҳо оид ба тавсифи хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пурзӯр намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи сарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сарони ҳайатҳо аз аҳамияти имзои Протоколи No44 аз 2 октябри соли 2023 – ро дар иҷрои тамоми корҳо ва суръат бахшидан ба раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муҳим шуморида изҳор намуданд, ки омодаанд нуктаҳои онро қатъиян ба амал бароранд.