https://sputnik.tj/20231003/yatimov-toshiev-marz-barrasi-1059749409.html
Дидори Ятимов бо Тошиев дар марз: Ду генерал чиро баррасӣ карданд?
Дидори Ятимов бо Тошиев дар марз: Ду генерал чиро баррасӣ карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизиаш масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд
2023-10-03T09:02+0500
2023-10-03T09:02+0500
2023-10-03T09:02+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
қирғизистон
саймумин ятимов
қамчибек тошиев
демаркатсия
аломатгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/02/1059749024_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_122f57f654c7444bb2c33fa07ba4880b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Дар вилояти Боткенти Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Музаффар Юнусов, сардори хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор дар масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии ду кишвар дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо тақвияти бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба муҳим донистанд.Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии дуҷониб протокол ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард.Вобаста ба ин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд.Бояд ёдовар шуд, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.
https://sputnik.tj/20230916/ehzori-safiri-qirghiziston-ba-vazorati-khorijai-tojikiston--1059422477.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/02/1059749024_10:0:1147:853_1920x0_80_0_0_08fb07dc34f6f66e31fa02e194a67332.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, делимитатсия ва демаркатсия, саймумин ятимов, қамчибек тошиев
тоҷикистон, қирғизистон, марз, делимитатсия ва демаркатсия, саймумин ятимов, қамчибек тошиев
Дидори Ятимов бо Тошиев дар марз: Ду генерал чиро баррасӣ карданд?
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизиаш масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Дар вилояти Боткенти Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Музаффар Юнусов, сардори хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор дар масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
“Роҳбарони гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни ду кишварро иброз намуда, ба аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии ду кишвар дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо тақвияти бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба муҳим донистанд.
Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии дуҷониб протокол ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард.
Вобаста ба ин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.