https://sputnik.tj/20220405/barandagoni-sinamojoizai-millii-toji-somon-elon-1047378657.html
Барандагони аввалин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” эълон шуданд
Барандагони аввалин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” эълон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон аввалин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор шуд ва барандагони он низ аз сӯйи ҳайати доварон эълон гардид
2022-04-05T20:20+0500
2022-04-05T20:20+0500
2022-04-05T20:20+0500
дар тоҷикистон
синамо
ҷоиза
душанбе
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047123043_0:3:632:359_1920x0_80_0_0_edc0fcfb7e112cd8b86c7ce1a6d4f080.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал маросими тақдими Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор шуд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.Синамоҷоиза таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ сурат гирифт.Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ гардиданд.Озмуни ҷоизаи мазкур филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллиро фаро гирифта, ҳакамони корозмуда сад филми беҳтарини се соли охирро дар 15 бахш санҷиданд.Гуфта мешавад, ки агар беҳтарин филмнома ба номи филми “Сарбор”-и Некрӯзи Ҷалилиён сабт шуда бошад, унвони беҳтарин филми аниматсиониро "Лаклаки табиб”-и Муҳиддин Сулаймонӣ соҳиб шуд.Унвонҳои “Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона”-ро Мавлона Наҷмиддинова аз филми “Автобус”, “Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона”-ро Салоҳиддин Шукуров аз филми “Дов”, “Беҳтарин коргардон”-ро Файзулло Файзов бо филми “Бачаи обӣ” соҳиб шуда, “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” "Додараки фариштаҳо”-и коргардон Умед Мирзоширинов, "Беҳтарин филми ҳунарӣ" “Дов”-и Муҳиддини Музаффар ва филме, ки “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон”-ро ҷалб кард, “Охирин сайди Сайёд”-и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил баргузида шуданд. Филми “Роҳ”-и коргардони номвар Носир Саидов бо “Шоҳҷоиза” қадр гардид.Бояд гуфт, муассисони Синамоҷоиза Ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошанд.
https://sputnik.tj/20220328/oskar-tojikiston-joizai-milli-sinamo-1047127030.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047123043_0:0:632:475_1920x0_80_0_0_fd3181c354eb54775c8fb62dcca9d159.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷи сомон, синамоҷоиза, душанбе, барандагон
тоҷикистон, тоҷи сомон, синамоҷоиза, душанбе, барандагон
Барандагони аввалин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” эълон шуданд
Дар пойтахти Тоҷикистон аввалин барандагони синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал маросими тақдими Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор шуд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Синамоҷоиза таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ сурат гирифт.
Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ гардиданд.
Озмуни ҷоизаи мазкур филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллиро фаро гирифта, ҳакамони корозмуда сад филми беҳтарини се соли охирро дар 15 бахш санҷиданд.
Гуфта мешавад, ки агар беҳтарин филмнома ба номи филми “Сарбор”-и Некрӯзи Ҷалилиён сабт шуда бошад, унвони беҳтарин филми аниматсиониро "Лаклаки табиб”-и Муҳиддин Сулаймонӣ соҳиб шуд.
Унвонҳои “Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона”-ро Мавлона Наҷмиддинова аз филми “Автобус”, “Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона”-ро Салоҳиддин Шукуров аз филми “Дов”, “Беҳтарин коргардон”-ро Файзулло Файзов бо филми “Бачаи обӣ” соҳиб шуда, “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” "Додараки фариштаҳо”-и коргардон Умед Мирзоширинов, "Беҳтарин филми ҳунарӣ" “Дов”-и Муҳиддини Музаффар ва филме, ки “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон”-ро ҷалб кард, “Охирин сайди Сайёд”-и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил баргузида шуданд. Филми “Роҳ”-и коргардони номвар Носир Саидов бо “Шоҳҷоиза” қадр гардид.
Бояд гуфт, муассисони Синамоҷоиза Ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошанд.