Дар Душанбе Иди ҳосилот – Меҳргон таҷлил шуд - видео

Обуна шудан
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Дар ин рӯз ҳамчунин Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ доир гардид.
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд.
Меваю рақсу хурсандӣ: Душанбе чӣ гуна ҷашни Меҳргонро таҷлил кард - акс
Ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти шаҳри Душанбе ташкил гардид.
Деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю технология, ихтирооти вобаста ба соҳаро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.
Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Раҳмон гуфт ҷашни Меҳргон барои мардуми тоҷик чӣ аҳамият дорад
Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои тамошои намоиши пуршукуҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои Тоҷикистон баҳра мебурданд.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур — тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз таҷрибаи деҳқонон баҳра бурдан аст.
Лентаи хабарҳо
0