https://sputnik.tj/20231015/rahmon-jashni-mehrgon-mardumi-tojik-ahamiyat-dorad-1059962533.html
Раҳмон гуфт ҷашни Меҳргон барои мардуми тоҷик чӣ аҳамият дорад
Раҳмон гуфт ҷашни Меҳргон барои мардуми тоҷик чӣ аҳамият дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди тоҷикон ба ҳисоб меравад
2023-10-15T12:15+0500
2023-10-15T12:15+0500
2023-10-15T12:15+0500
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
меҳргон
ҷашни меҳргон
фарҳанг
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058859187_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_fdb2b8a769ad24ce18909fb30567e7e9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди тоҷикон ба ҳисоб меравад.“Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд”, — иброз доштанд раҳбари кишвар.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд.Раисҷумҳур қайд кард, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ имкон пайдо шуд, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ҷашн низ эҳё гардад ва он ба муҳити фарҳангии даврони навини давлатдории миллӣ ҳамчун ҷашни миллӣ ворид карда шавад.Аз ин хотир, Эмоалӣ Раҳмон афзуд, ки эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.Аз ҳар як фарди Тоҷикистон даъват карда шуд, ки аз таърихи пайдоиш, ташаккулёбӣ ва сайри таърихии ҷашну ойинҳои ниёгони худ бохабар бошад, онҳоро омӯзад ва барои густариш додану ғанӣ гардонидани онҳо талош намояд.
https://sputnik.tj/20231014/mehrgon-jashn-tojikon-jashn-megirand-1059953313.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058859187_184:0:2915:2048_1920x0_80_0_0_4e111fe50acaedef180218decdcbea1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон, ҷашни меҳргон, мардум, тоҷик, таърих, фарҳанг
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон, ҷашни меҳргон, мардум, тоҷик, таърих, фарҳанг
Раҳмон гуфт ҷашни Меҳргон барои мардуми тоҷик чӣ аҳамият дорад
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди тоҷикон ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди тоҷикон ба ҳисоб меравад.
“Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд”, — иброз доштанд раҳбари кишвар.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд.
Раисҷумҳур қайд кард, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ имкон пайдо шуд, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ҷашн низ эҳё гардад ва он ба муҳити фарҳангии даврони навини давлатдории миллӣ ҳамчун ҷашни миллӣ ворид карда шавад.
Аз ин хотир, Эмоалӣ Раҳмон афзуд, ки эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Аз ҳар як фарди Тоҷикистон даъват карда шуд, ки аз таърихи пайдоиш, ташаккулёбӣ ва сайри таърихии ҷашну ойинҳои ниёгони худ бохабар бошад, онҳоро омӯзад ва барои густариш додану ғанӣ гардонидани онҳо талош намояд.