https://sputnik.tj/20231015/tolibon-iqdomot-maqomot-isroil-falastin-jinoyati-jangi-1059960618.html
Толибон* иқдомоти мақомоти Исроил алайҳи фаластиниҳоро “ҷинояти ҷангӣ” хонд
Толибон* иқдомоти мақомоти Исроил алайҳи фаластиниҳоро “ҷинояти ҷангӣ” хонд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи расмии ҳукумати толибҳо* ахиран гуфт, ки давлати мо иқдомоти мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳоро “ҷинояти ҷангӣ” медонад
2023-10-15T13:13+0500
2023-10-15T13:13+0500
2023-10-15T13:13+0500
афғонистон
толибон
исроил
фаластин
ғазза
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Толибон* иқдомоти мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳоро "ҷинояти ҷангӣ" хонд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Толибон* бомбаборон ва таҳримҳои Исроил алайҳи мардуми навори Ғазза дар Фаластинро "ваҳшиёна" хондаанд.Дар баёнияе, ки тавассути Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи расмии ҳукумати феълӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, омадааст: "Аморати исломӣ ( тавре, ки толибон худро меноманд) ин ҷинояти бузурги инсониро ба шадидтарин ваҷҳ маҳкӯм мекунад".Дар ин баёния омадааст, ки талош барои оворагии иҷборӣ беш аз 1,2 млн фаластинӣ аз шимоли навори Ғазза ва илҳоқи барномарезишудаи сарзаминҳои фаластинӣ ҷиноят ҷангӣ аст мавзеи нокоромади ниҳодҳои байналмилалӣ дар ин замина нишондиҳандаи шикасти бесобиқаи назми байналмилалӣ кунунӣ аст.Толибон* аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вижаи кишварҳои исломӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ хост то ҳар чӣ зудтари масаълаи Фаластинро ҳал кунанд ва ба иқдомоти ваҳшиёнаи Исроил поён диҳанд."Дар ғайри ин сурат, масъулияти ин фоҷеъаи инсонӣ бар дӯши ҳама ва бар дӯши ҷаҳон хоҳад буд", - таъкид кардааст намояндаи Толибон*.Толибон* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ аст.
https://sputnik.tj/20231010/putin-shiddat-vaz-manfiat-khalq-falastin-1059888685.html
афғонистон
толибон
исроил
фаластин
ғазза
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, сиёсат, толибон, исроил, фаластин, ҷиноят, ҷангӣ,
афғонистон, сиёсат, толибон, исроил, фаластин, ҷиноят, ҷангӣ,
Толибон* иқдомоти мақомоти Исроил алайҳи фаластиниҳоро “ҷинояти ҷангӣ” хонд
Сухангӯи расмии ҳукумати толибҳо* ахиран гуфт, ки давлати мо иқдомоти мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳоро “ҷинояти ҷангӣ” медонад
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Толибон* иқдомоти мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳоро "ҷинояти ҷангӣ" хонд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Толибон* бомбаборон ва таҳримҳои Исроил алайҳи мардуми навори Ғазза дар Фаластинро "ваҳшиёна" хондаанд.
Дар баёнияе, ки тавассути Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи расмии ҳукумати феълӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, омадааст: "Аморати исломӣ ( тавре, ки толибон худро меноманд) ин ҷинояти бузурги инсониро ба шадидтарин ваҷҳ маҳкӯм мекунад".
Дар ин баёния омадааст, ки талош барои оворагии иҷборӣ беш аз 1,2 млн фаластинӣ аз шимоли навори Ғазза ва илҳоқи барномарезишудаи сарзаминҳои фаластинӣ ҷиноят ҷангӣ аст мавзеи нокоромади ниҳодҳои байналмилалӣ дар ин замина нишондиҳандаи шикасти бесобиқаи назми байналмилалӣ кунунӣ аст.
Толибон* аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вижаи кишварҳои исломӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ хост то ҳар чӣ зудтари масаълаи Фаластинро ҳал кунанд ва ба иқдомоти ваҳшиёнаи Исроил поён диҳанд.
"Дар ғайри ин сурат, масъулияти ин фоҷеъаи инсонӣ бар дӯши ҳама ва бар дӯши ҷаҳон хоҳад буд", - таъкид кардааст намояндаи Толибон*.
Толибон* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ аст.