https://sputnik.tj/20231010/besh-nisfi-naqsha-jamovar-pakhta-tojikiston-1059886447.html
Беш аз нисфи нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон иҷро шуд
Беш аз нисфи нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бораи рафти ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ гузориш дода, афзуд, ки дар назар аст, ҳудуди 430 ҳазор тон чида шавад
2023-10-10T16:57+0500
2023-10-10T16:57+0500
2023-10-10T16:57+0500
дар тоҷикистон
нақша
истироҳат
таҷриба
ҷамъоварӣ
пахта
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/17/1031949999_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_eb60325a23b9f67e45c300275b1984fb.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон миқдори пахтаи ҷамъоваригардида ҳисоб шуда, муайян гардидаст, ки аз нисф зиёди нақша иҷро шудаст. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дақиқ гардидааст, ки то ҳол 52%-и нақшаи ҷамъоварии пахта амалӣ гардид. Манбаъ афзуд, ки аз аввали мавсими пахтакорони кишвар, то ҳол қариб 223 ҳазор тонна "тилои сафед"-ро ҷамъ кардаанд. "Аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳудуди 166 ҳазор тонна, дар Суғд 55 ҳазор тонна ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ беш аз 1,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст", - гуфтанд дар вазорат. Таъкид мешавад, ки дар соли 2023 дар назди пахтакорон вазифа гузошта шудааст, ки 430 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.Феълан дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон маъракаи густурдаи ҷамъоварии пахта идома дошта, мақомот талош доранд, ҳосили тилои сафедро бидуни талаф ғундорандАз ҷумла мансабдорону ҳашарчиён низ дар рӯзҳои истироҳташон ба кумаки пахтачинҳо мераванд. Ин таҷриба дар тамоми шаҳру навоҳии пахтакори Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
https://sputnik.tj/20231002/gholib-avvali-musobiqa-pakhtachini-sughd-1059722163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/17/1031949999_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_3d476ef8aeacdbd424ba4dc9162328c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақша, ҷамъоварӣ, пахта, иҷро, чӣ қадар
тоҷикистон, нақша, ҷамъоварӣ, пахта, иҷро, чӣ қадар
Беш аз нисфи нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон иҷро шуд
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бораи рафти ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ гузориш дода, афзуд, ки дар назар аст, ҳудуди 430 ҳазор тон чида шавад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон миқдори пахтаи ҷамъоваригардида ҳисоб шуда, муайян гардидаст, ки аз нисф зиёди нақша иҷро шудаст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дақиқ гардидааст, ки то ҳол 52%-и нақшаи ҷамъоварии пахта амалӣ гардид.
Манбаъ афзуд, ки аз аввали мавсими пахтакорони кишвар, то ҳол қариб 223 ҳазор тонна "тилои сафед"-ро ҷамъ кардаанд.
"Аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳудуди 166 ҳазор тонна, дар Суғд 55 ҳазор тонна ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ беш аз 1,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст", - гуфтанд дар вазорат.
Таъкид мешавад, ки дар соли 2023 дар назди пахтакорон вазифа гузошта шудааст, ки 430 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.
Феълан дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон маъракаи густурдаи ҷамъоварии пахта идома дошта, мақомот талош доранд, ҳосили тилои сафедро бидуни талаф ғундоранд
Аз ҷумла мансабдорону ҳашарчиён низ дар рӯзҳои истироҳташон ба кумаки пахтачинҳо мераванд. Ин таҷриба дар тамоми шаҳру навоҳии пахтакори Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.