Федератсияи кураши Тоҷикистон раиси нав интихоб кард: ӯ кист

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2023
Обуна шудан
Маросими интихоб ва муарифии роҳбари ҷадиди Федератсияи куштии кураши Тоҷикистон дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и шаҳри Душанбе сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Дар Федератсияи куштии кураши Тоҷикистон роҳбари нав интихоб шуд, хабар дод "ВарзишТВ".
Бар хабари манбаъ, Зуҳуршоҳ Нурмуҳаммадзода роҳбари нави ин ниҳод интихоб гардид.
Гуфта мешавад, ӯро дар ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи куштии кураш бо овоздиҳии якдилона интихоб шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи миллии Олимпӣ, аъзои федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли таъсиси федератсия роҳбарии онро Носир Бозоров роҳбарӣ мекард.
Кураш — традиционный вид борьбы у тюркских народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Оғози мусобиқаи байналмилалии куштӣ дар Хуҷанд
Зери роҳбарии ӯ варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон 5 нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин 6 нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.
Манбаъ таъкид намуд, аъзои ҷаласа ба Носир Бозоров, ки тайи 20 соли охир вазифаи роҳбарии Федератсияи курашро бар ӯҳда дошт, миннатдорӣ карда, барояш муваффақият хостанд ва ҳамчунин туҳфаҳои хотирмон ҳадя карданд.
Зимнан, раиси нав барои боварӣ ба иштирокдорони ҷаласа миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ ин риштаи варзишро рушд медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0