https://sputnik.tj/20231013/oghoz-musobiqa-baynalmilali-kushti-khujand-1059947006.html
Оғози мусобиқаи байналмилалии куштӣ дар Хуҷанд
Оғози мусобиқаи байналмилалии куштӣ дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд ва паҳлавонони даҳҳо кишвар баргузор шуд
2023-10-13T18:28+0500
2023-10-13T18:28+0500
2023-10-13T18:28+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
куштӣ
мусобиқа
мураббиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102368/97/1023689737_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_e993ac9e7f419ce2a560cd2b4b25ca16.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ оғоз шуд, ки то 14 октябр идома хоҳад дошт. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, раиси вилоят дар маросими ифтитоҳ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок доштанд.Аҳмадзода меҳмононро аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш хайрамақдам гуфт. Мусобиқаи байналмилалии мазкур то 15 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 21 давлати хориҷа баргузор шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот супорида мешавад, омадааст дар иттилоия.Аҳмадзода гуфт, дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуданд.Дар феҳрасти чораҳои ҳавасмандсозӣ аз ҷумла стипендияи раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарону мураббиён, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ зикр гардид.
https://sputnik.tj/20231004/bonu-mushtzan-tojikiston-medal-bozihoi-osiyo-1059776114.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102368/97/1023689737_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_fa61484e6fa7680b0d42d3d4cba704c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баргузорӣ, мусобиқа, байналмилалӣ, хуҷанд, куштӣ
баргузорӣ, мусобиқа, байналмилалӣ, хуҷанд, куштӣ
Оғози мусобиқаи байналмилалии куштӣ дар Хуҷанд
Маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд ва паҳлавонони даҳҳо кишвар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ оғоз шуд, ки то 14 октябр идома хоҳад дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, раиси вилоят дар маросими ифтитоҳ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок доштанд.
Аҳмадзода меҳмононро аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш хайрамақдам гуфт.
Мусобиқаи байналмилалии мазкур то 15 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 21 давлати хориҷа баргузор шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот супорида мешавад, омадааст дар иттилоия.
Аҳмадзода гуфт, дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар феҳрасти чораҳои ҳавасмандсозӣ аз ҷумла стипендияи раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарону мураббиён, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ зикр гардид.