Далер Ҷумъа бо ҳамтои русаш кори нерӯгоҳи "Сангтӯда" -ро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Сангтудинская ГЭС
Сангтудинская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2023
Обуна шудан
Вазирони энергетика ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи маҷмааи сӯзишворӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Николай Шулгинов, вазири энержии Русия дар Маскав мулоқот карданд.
Дар ин бора Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла кори НБО "Сангтӯда - 1" -ро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, вазирон масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикиро низ мавриди муҳокима қарор доданд.
Манбаъ меафзояд, зимни вохӯрӣ дар сатҳи вазирон ҳаҷми иловагии тавозуни индикативии захираҳои энергетикӣ барои соли 2024 мувофиқа карда шуд, мегӯяд манбаъ.
Русия саҳми Тоҷикистон дар энергетикаи "сабз"-ро таъкид кард
Далер Ҷумъа ва Николай Шулгинов ҳамчунин натиҷаҳои анҷумани охирини энергетикии СҲШ-ро баррасӣ карданд.
Сарони вазоратҳои энергетикаи Русия ва Тоҷикистон кори неругоҳи барқи обии Сангтӯдаро баррасӣ карданд
Қобили зикр аст, ки НБО "Сангтӯда -1" панҷумин нерӯгоҳи барқи обии дар рӯдхонаи Вахш мебошад.
Он тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр дорад.
Лентаи хабарҳо
0