Русия саҳми Тоҷикистон дар энергетикаи "сабз"-ро таъкид кард

© Foto / Пресс-служба ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Сангтудинская ГЭС
Сангтудинская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Мақомоти Русия дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рушди энергетикаи сабз, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обиро рушд хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Русия қасд дорад равишҳои стратегии рушди ҳамкориҳои бахши энержиро бо кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ кунад.
Дар ин бора вазири энержии Русия, Николай Шулгинов дар чаҳорчӯби анҷумани энержии кишварҳои СҲШ дар Қазоқистон хабар дод.
Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон бузургтарин тарҳи сармоягузорӣ дар бахши энержӣ - нерӯгоҳи барқи обоии "Сангтӯда-1" татбиқ шудааст, ки дувумин нерӯгоҳи барқи обии бузург дар кишвар мебошад. Вай афзуд, ки дар ин самт низ рушди энергетикаи сабзро идома хоҳанд дод.
Интизор меравад, ки дар ин форум ҳамчунин масъалаҳои саноати нафту газ, нерӯи барқ, атомӣ ва саноати ангишт баррасӣ шаванд.
Имзои протокол миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию  техникӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Қатар маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” ва фурудгоҳи байналмилалии Данғараро меомӯзад
Дар навбати худ, дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар дод, ки бо ташаббуси президенти ҷумҳурӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар кишвар стратегияи энергетикии СҲШ таҳия шуда истодааст.
Ин ҳуҷҷат самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи аъзои созмон дар соҳа то соли 2030-ро дар бар мегирад, илова намуд вазорат.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як иттиҳодияи байналмилалӣ аст, ки 15 июни соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Мақомоти Тоҷикистон пайваста ба энергетикаи сабз таъкид карда, изҳор медоранд, ки дар ҷумҳурӣ қисмати асосии нерӯ дар манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0