Кобулов: бе ҳукумати фарогир аз Афғонистон чизе боқӣ намемонад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов
Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ҳушдор дод, ки бидуни ташкили ҳукумати фарогир ин кишварро ояндаи нохубе интизор аст
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Бе ҳукумати фарогир дар 25 сол аз Афғонистон чизе боқӣ нахоҳад монд, изҳор дошт намояндаи раисҷумҳури Русия дар умури ҷумҳурии исломӣ, Замир Кобулов.
Вай дар суҳбат бо хабаргузории туркии Анадолу гуфт, таҳаввулоти шуури сиёсии Толибон* идома дорад, ҳарчанд сусттар аз онест, ки хоста мешавад.
"Вале ин таҳаввулот ногузиранд, чун ин мантиқи рушди ҳар давлат аст, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ маҷбур хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Кобулов таъкид намудаст, Русия тарафдори фарогири сиёсӣ аст, на этникӣ.
"Ин фарогирӣ на ба гурехтагон дахл дорад, балки ба онҳое дахл дорад, ки дар кишвар боқӣ мондаанд ва аз сарнавишти халқу қавми худ нигаронанд", - гуфт ӯ.
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав мушаххасотро таҳмил намекунад, аммо муҳим аст, ки принсип риоя шавад.
Ӯ боварӣ дорад, ки ️тамоми мушкилот, аз ҷумла вазъи занонро ҳукумати фарогир ҳал мекунад.
Американские ракеты Patriot размещены в Польше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
Кобулов изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир афғонистониҳо тамоми уҳдадориҳои худро риоя карда истодаанд. Аз ҷумла амнияти колои транзитӣ, ки ҳаҷмаш рӯзафзун аст, таъмин мебошад, афзуд ӯ.
Толибон* ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз поини ҷанг дар кишвар ва ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аъзои гуруҳ ташкили ҳукумати фарогир ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсонӣ, аз ҷумла ҳақи занон ба таҳсилу корро талаб дорад.
*Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0