https://sputnik.tj/20231009/ukraina-afghoniston-hamos-asliha-amriko-1059857020.html
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Исроил изҳор дошт, ки Ҳамос моҳи июн бо истифода аз аслиҳаи ғарбӣ ба ин кишвар ҳамла намуд. Ҳоло мақомдори амрикоӣ талаб дорад, ки ин қазия тафтиш шавад
2023-10-09T11:44+0500
2023-10-09T11:44+0500
2023-10-09T12:02+0500
амрико
афғонистон
украина
амният ва мудофиа
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054329144_131:0:3374:1824_1920x0_80_0_0_019649f383f7f59b0e3d0419007bd5de.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ҷунбиши исломии фаластинии Ҳамос шояд аз аслиҳаи ИМА, ки аз Украина ворид шудааст, истифода кардааст. Дар ин бора Марджори Тейлор Грин, узви Конгресс хабар дода, аз Пентагон хост, тафтиш кунад, ки ҷангиёни Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо дарёфт кардаанд.Грин суол гузоштааст, ки аслиҳаи амрикоиро онҳо аз Афғонистон дастрас карданд ва ё Украина.Маврид ба зикр аст, ки аввалин далелҳои аз Украина ба дасти ҷангиёни фаластинӣ афтодани аслиҳаи ғарбӣ моҳи июни соли ҷорӣ маълум шуд. Он замон Нетаняҳу дар ин бора хабар дод.Субҳи 7 октябр Исроилро Навори Ғазза мушакборон кард. Ба таъкиди мақомоти Исроил беш аз се ҳазор мушак ба қаламрави онҳо партоб шуд.Илова бар ин, ҷангиёни Ҳамос пас аз ҳамлаҳои мушакӣ ба манотиқи марзӣ дар ҷануби кишвар ворид шуданд. Дар навбати худ артиши Исроил аз оғози амалиёти "шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар дод. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба мардум муроҷиат карда, эълон кард, ки кишвар дар ҳоли ҷанг аст.
https://sputnik.tj/20231007/isroil-jang-omoda-elon-kard-1059837847.html
амрико
афғонистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054329144_536:0:2968:1824_1920x0_80_0_0_240b1ead01bbfede31a6df7323437038.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамос,исроил, амрико, силоҳ, фаластин
ҳамос,исроил, амрико, силоҳ, фаластин
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
11:44 09.10.2023 (Навсозишуда: 12:02 09.10.2023) Қаблан Исроил изҳор дошт, ки Ҳамос моҳи июн бо истифода аз аслиҳаи ғарбӣ ба ин кишвар ҳамла намуд. Ҳоло мақомдори амрикоӣ талаб дорад, ки ин қазия тафтиш шавад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ҷунбиши исломии фаластинии Ҳамос шояд аз аслиҳаи ИМА, ки аз Украина ворид шудааст, истифода кардааст.
Дар ин бора Марджори Тейлор Грин, узви Конгресс хабар дода, аз Пентагон хост, тафтиш кунад, ки ҷангиёни Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо дарёфт кардаанд.
Грин суол гузоштааст, ки аслиҳаи амрикоиро онҳо аз Афғонистон дастрас карданд ва ё Украина.
"Мо бояд бо Исроил ҳамкорӣ кунем, то рақамҳои силсилавии ҳама силоҳҳои амрикоии Ҳамос алайҳи Исроилро пайгирӣ кунем. Оё онҳо аз Афғонистон омадаанд ва ё Украина? Ба эҳтимоли зиёд аз ҳарду", - изҳор доштааст узви Конгресс.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин далелҳои аз Украина ба дасти ҷангиёни фаластинӣ афтодани аслиҳаи ғарбӣ моҳи июни соли ҷорӣ маълум шуд. Он замон Нетаняҳу дар ин бора хабар дод.
Субҳи 7 октябр Исроилро Навори Ғазза мушакборон кард. Ба таъкиди мақомоти Исроил беш аз се ҳазор мушак ба қаламрави онҳо партоб шуд.
Илова бар ин, ҷангиёни Ҳамос пас аз ҳамлаҳои мушакӣ ба манотиқи марзӣ дар ҷануби кишвар ворид шуданд. Дар навбати худ артиши Исроил аз оғози амалиёти "шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар дод.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба мардум муроҷиат карда, эълон кард, ки кишвар дар ҳоли ҷанг аст.