https://sputnik.tj/20231013/putin-rusiya-qadr-ravobit-dust-idm-medonad-1059942170.html
Путин гуфт, ки Русия қадри равобити дӯстӣ бо кишварҳои ИДМ-ро медонад
Путин гуфт, ки Русия қадри равобити дӯстӣ бо кишварҳои ИДМ-ро медонад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури русия дар ҷаласаи сарони ИДМ гуфт, ки Русия равобити қавӣ ва дӯстона бо шарикони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро қадрдонӣ мекунад
2023-10-13T15:28+0500
2023-10-13T15:28+0500
2023-10-13T15:28+0500
русия
дар русия
владимир путин
равобит
муносибат
идм
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059496690_0:51:2968:1722_1920x0_80_0_0_fc2c1957eeeb165a0be67c5547038f36.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш муносибатҳои таърихан мустаҳкам ва дӯстона бо шарикони ИДМ-ро қадр мекунад.Раисиҷумҳури Русия афзуд, дар навбати худ, Русия дар соли оянда ба ҳайси раиси ИДМ барои амиқтар шудани ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд дар сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард."Дар бораи авлавиятҳои мушаххаси раёсати мо дар ҳайати васеъ муфассалтар сӯҳбат хоҳам кард, аммо албатта мо кореро, ки таҳти раёсати Қирғизистон анҷом дода шуд, идома медиҳем”, — гуфт у.Ҳамчунин раисҷумҳури Русия қайд кард, ки ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар кишварҳои ИДМ ҳафт дарсад афзоиш ёфтааст."Дар ИДМ ҳаҷми ҳамлу нақли бор 7% афзоиш ёфт", гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ.Вай афзуд, дар кишварҳои ИДМ бояд фаъолияти зерсохтори нақлиётӣ, аз ҷумла шабакаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгардро тақвият дод. Раҳбари Русия таъкид кард, ки ахиран ин масоилро бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон баррасӣ кардааст."Ин ҳама дорои аҳамияти ҷиддӣ ва на танҳо минтақавӣ нест, балки байналмилалӣ аст ва бешубҳа ин раванд, ба рушди иқтисод дар маҷмӯъ мусоидат хоҳад кард", гуфт президенти Русия.
https://sputnik.tj/20231013/putin-tojikiston-naqsha-pesh-1059934775.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059496690_48:0:2779:2048_1920x0_80_0_0_2e3d51cca5b62dc0d7f18fd4e7d0e443.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, идм, ҳамкорӣ, равобит, қадрдонӣ, раисҷумҳур, владимир путин
русия, идм, ҳамкорӣ, равобит, қадрдонӣ, раисҷумҳур, владимир путин
Путин гуфт, ки Русия қадри равобити дӯстӣ бо кишварҳои ИДМ-ро медонад
Раисҷумҳури русия дар ҷаласаи сарони ИДМ гуфт, ки Русия равобити қавӣ ва дӯстона бо шарикони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро қадрдонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш муносибатҳои таърихан мустаҳкам ва дӯстона бо шарикони ИДМ-ро қадр мекунад.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки Русия муносибатҳои таърихан қавӣ, дӯстона ва воқеан эътимоднокро бо шарикони ИДМ самимона қадр мекунад", - гуфт Путин дар нишасти сарони ИДМ.
Раисиҷумҳури Русия афзуд, дар навбати худ, Русия дар соли оянда ба ҳайси раиси ИДМ барои амиқтар шудани ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд дар сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
"Дар бораи авлавиятҳои мушаххаси раёсати мо дар ҳайати васеъ муфассалтар сӯҳбат хоҳам кард, аммо албатта мо кореро, ки таҳти раёсати Қирғизистон анҷом дода шуд, идома медиҳем”, — гуфт у.
Ҳамчунин раисҷумҳури Русия қайд кард, ки ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар кишварҳои ИДМ ҳафт дарсад афзоиш ёфтааст.
"Дар ИДМ ҳаҷми ҳамлу нақли бор 7% афзоиш ёфт", гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ.
Вай афзуд, дар кишварҳои ИДМ бояд фаъолияти зерсохтори нақлиётӣ, аз ҷумла шабакаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгардро тақвият дод. Раҳбари Русия таъкид кард, ки ахиран ин масоилро бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон баррасӣ кардааст.
"Ин ҳама дорои аҳамияти ҷиддӣ ва на танҳо минтақавӣ нест, балки байналмилалӣ аст ва бешубҳа ин раванд, ба рушди иқтисод дар маҷмӯъ мусоидат хоҳад кард", гуфт президенти Русия.