https://sputnik.tj/20231013/emomali-rahmon-ozim-bishkek-1059930556.html
Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Бишкек шуд
Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Бишкек шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баррасии масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар назар аст
2023-10-13T09:42+0500
2023-10-13T09:42+0500
2023-10-13T10:01+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
идм
қирғизистон
бишкек
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/19/1059044430_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_830fbebd2eb97405916e9f1c724c5afb.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии кишвар, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Президенти Тоҷикистонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.Дар феҳрасти масоили баррасишаванда дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама ба вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, фаъолияти пойгоҳи низомии 201 дар ҷумҳурӣ ва ғайра зикр гардида буданд.
https://sputnik.tj/20231012/muhriddin-idm-muqoisa-vazifaho-murakkab-1059920247.html
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/19/1059044430_0:0:1124:843_1920x0_80_0_0_bdda7ef9104b77ae7754f1060906d1f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, қирғизистон, тоҷикистон, идм, баррасӣ, масоил
президент, қирғизистон, тоҷикистон, идм, баррасӣ, масоил
Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Бишкек шуд
09:42 13.10.2023 (Навсозишуда: 10:01 13.10.2023) Дар пойтахти Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баррасии масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад.
Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии кишвар, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Президенти Тоҷикистонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.
Дар феҳрасти масоили баррасишаванда дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама ба вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, фаъолияти пойгоҳи низомии 201 дар ҷумҳурӣ ва ғайра зикр гардида буданд.