Мақомот қатъи обрасонӣ дар бархе аз кӯчаҳои Душанберо рад кард

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкКран-вода: человек моет руки
Кран-вода: человек моет руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
КВД “Обу корези Душанбе” аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки ба хабару овозаҳои, ки асос надоранд бовар накунанд. Обрасонӣ дар пойтахт қатъ намегардад
ДУШАНБЕ, 12 окт— Sputnik Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” хабаре, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи обрасонӣ дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт нашр шуда буд, дар саҳифаҳи расмиаш дар шабакаи иҷтимоӣ қатъиян рад кардааст.
Масъулини ин корхона аз сокинон хоҳиш кардаасн ба хабару овозаҳои, ки асос надоранд бовар накунанд.
“Дирӯз дар яке аз шабакаҳои русии иттилотии кишвар хабари бардурӯғ оид ба қатъ гардидани оби ошомиданӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе пахш карда шудааст, ки асоси воқеӣ надорад”, - қайд кардааст масъулини ин ширкатю
Ин корхона таъкид кардааст, ки обрасонӣ дар шаҳри Душанбе қатъ намегардад.
Таъкид карда шудааст, ки хабар дар бораи қатъ гардидани оби ошомиданиро КВД “Обу корези Душанбе” танҳо бо мувофиқа бо шаҳрдорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои иттилоотӣ паҳн менамояд.
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Таъмини аҳолии Хатлон бо об беҳтар мешавад
Масъулини ин корхона аз шаҳрвандонихоҳиш кардааст, ба ин овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
Қайд карда шудааст, ки дар сурати дидини чунин эълон ба телефонҳои корхона занг зананд то маълумоти дурусту саҳеҳ бигиранд.
“Шабакаҳое, ки аз пеши худ чунин эълонро паҳн менамоянд, бояд аз манбаъаи муътамад нахуст огаҳӣ ёбанд, пасон онро расонаӣ кунанд”, -зикр кардаанд масъулини КВД “Обу корези Душанбе”.
Лентаи хабарҳо
0