https://sputnik.tj/20230920/tamini-aholi-khatlon-ob-behtar-1059477285.html
Таъмини аҳолии Хатлон бо об беҳтар мешавад
Таъмини аҳолии Хатлон бо об беҳтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон дар мулоқот бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масоили таъмини аҳолии шаҳру навоҳии ҷануби кишварро бо об баррасӣ намуд
2023-09-20T11:40+0500
2023-09-20T11:40+0500
2023-09-20T11:40+0500
дар тоҷикистон
об
таъминоти аҳолӣ бо оби тоза
хатлон
давлаталӣ саид
бонки ҷаҳонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/72/1022417296_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_65552aa9164cf9bb286fc4ea79910905.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ҳошияи татбиқи Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шаҳри Бохтар, раиси Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ мулоқот кард. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид аз сатҳи ҳамкорӣ бо намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, имкониятҳои вилоят ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкуниро ба миён гузоштаст. Аз масоили мубрам дар минтақа таъминоти об арзёбӣ мешавад ва ҷонибҳо дар мавриди натиҷаҳои тадқиқот оид ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд. Таъкид шудаст, ки барои таъмини самарабахшии сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва партовҳо бояд механизмҳои санҷидашудаи ҳамкорӣ татбиқ гардид. Ин механизм аз ҷумла ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, ҷамъиятҳо, шарикони рушд ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ноҳияҳоро фаро мегирад. Татбиқи тарҳ аз ҷумла дар навоҳии Кӯшониён, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун баррасӣ шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран мақомоти Хатлон гуфта буданд, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.Мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ аз мушкилоти аслии бахш ном бурда шуда буданд.
https://sputnik.tj/20230908/zindagi-zarfho-plastiki-mushkil-qadima-imahalla-khujand-video-1059287457.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/72/1022417296_219:0:2948:2047_1920x0_80_0_0_4902ffddfd1de246d587004a1e85b487.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, об, таъмин, бонки ҷаҳонӣ, таъмин, аҳолӣ
хатлон, об, таъмин, бонки ҷаҳонӣ, таъмин, аҳолӣ
Таъмини аҳолии Хатлон бо об беҳтар мешавад
Раиси Хатлон дар мулоқот бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масоили таъмини аҳолии шаҳру навоҳии ҷануби кишварро бо об баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ҳошияи татбиқи Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шаҳри Бохтар, раиси Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид аз сатҳи ҳамкорӣ бо намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, имкониятҳои вилоят ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкуниро ба миён гузоштаст.
Аз масоили мубрам дар минтақа таъминоти об арзёбӣ мешавад ва ҷонибҳо дар мавриди натиҷаҳои тадқиқот оид ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шудаст, ки барои таъмини самарабахшии сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва партовҳо бояд механизмҳои санҷидашудаи ҳамкорӣ татбиқ гардид.
Ин механизм аз ҷумла ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, ҷамъиятҳо, шарикони рушд ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ноҳияҳоро фаро мегирад. Татбиқи тарҳ аз ҷумла дар навоҳии Кӯшониён, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун баррасӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран мақомоти Хатлон гуфта буданд, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.
Мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ аз мушкилоти аслии бахш ном бурда шуда буданд.