Хабарнигори Sputnik бо зану фарзандаш дар Белгород зери ҳамлаи нерӯҳои Украина монд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСкорая в Москве
Скорая в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
Дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Украина хабарнигори бахши афғонии Sputnik бо ҳамсараш шадидан маҷрӯҳ шуда, фарзанди кӯчаки онҳо кушта шуд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Дар Белгород бар асари ҳамлаи нерӯҳи Украина хабарнигори Sputnik шадидан маҷрӯҳ шуд.
Дар ин бора Дмитрий Киселёв, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамроҳи хабарнигор зану фарзанди кӯчакаш нист қарор доштанд, ки мутаасифона духтари 4- солааш кушта шуд ва зани ӯ низ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
"Дар натиҷаи ҳамлаи бесарнишини украинӣ корманди мо Ҳайбар Акифии 29-сола, ки дар идораи Sputnik Афғонистон кор мекунад ва ҳамсари русаш Олеся сахт маҷруҳ шуда, дар шуъбаи эҳё қарор доранд", - изҳор дошт Киселёв.
Ӯ гуфт, ин фоҷиаи бузург аст, зеро онҳо фарзанди 4-солааи худро аз даст доданд.
Ба гуфтаи Киселёв, ин ҳамлаи террористӣ ба рустоҳои осоиштаи Русия, албатта, аз ҷониби режими Киев аз ноумедӣ, дар посух ба ҳодисаҳо дар фронт анҷом дода шуд.
Спасатели на месте разрушенного в результате обстрела со стороны ВСУ торгового центра в Донецке, Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Морозова: Украина дар марги 230 кӯдак дар Донетск даст дорад
"Мо ҳамаи корро барои кумак, дастгирӣ ва зудтар шифо ёфтанашон анҷом медиҳем", - таъкид намуд мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня".
Мутаассифона ин мавориди нахуст набуда, соли 2014 хабарнигори Sputnik Андрей Стенин кушта шуд. Ҳамчунин тобистони имсол Ростислав Журавлев хабарнигори дигари Sputnik бар асари ҳамлаи нерӯҳи украинӣ кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0