Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Морозова: Украина дар марги 230 кӯдак дар Донетск даст дорад

© Sputnik / Valery Melnikov / Гузариш ба медиабонкСпасатели на месте разрушенного в результате обстрела со стороны ВСУ торгового центра в Донецке, Россия
Спасатели на месте разрушенного в результате обстрела со стороны ВСУ торгового центра в Донецке, Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶМД мегӯяд, бар асари тирпаронии низомиёни украинӣ, давоми нӯҳ соли ахир даҳҳо кӯдак куштаву захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар ҷараёни набардҳо дар ҶМД 230 кӯдак кушта ва 821 кӯдак захмӣ шуданд.
Дар ин бора Даря Морозова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии халқии Донетск зимни нишасти хабарӣ, ки онро рӯзи панҷшанбе Маркази байнулмилалии матбуоти чандрасонаии гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ташкил намуд, хабар дод.
"Дар қаламрави Ҷумҳурии халқии Донетск дар давоми 9 соли ҷанг дар натиҷаи тирпарронии Украина 230 кӯдак ба ҳалокат расида, 821 кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аксари онҳо ятим монда беш аз 30 кӯдак маъюбшуданд", - изҳор дошт Морозова.
Айнан чунин вазъ дар Ҷумҳурии халқии Луганск низ аст.
Дар ин минтақа сар аз соли 2014 ба ин сӯ 186 кӯдак бар асари амалҳои Украина ҷароҳат бардошта, 65 нафар ҷон бохтаанд.
Ин оморро Комиссари ҳуқуқи кӯдакон дар Луганск Инна Швенк ироа кард.
Работа мобильной группы быстрого реагирования в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифоъ аз тахриби се анбори муҳимоти Украина хабар дод
"Аз соли 2014 то имрӯз 251 кӯдак аз дасти нерӯҳои Украина осеб дидаанд, ки аз ин шумора 186 кӯдак ба дараҷаҳои вазнин ҷароҳат бардошта, мутаассифона 65 кӯдак ҷон бохтанд", - гуфт Швенк.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.
Лентаи хабарҳо
0