Ҳушдори Созмони ҷаҳонии ғизо дар бораи бурузи қаҳтӣ дар Афғонистон

© AFP 2023 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
Ахиран раиси Созмони ҷаҳонии ғизо дар як нишасте ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи эҳтимоли буруззи қаҳтӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раиси минтақаии Созмони ҷаҳонии ғизо Ҷон Ойлиф ҳушдор дод, ки Афғонистон ба далели коҳиши шадиди кумакҳо бо қаҳтӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Вай вазъияти Афғонистонро ноумедкунанда донист ва афзуд, ки созмонҳои имдодӣ дар Афғонистон бо коҳиши шадиди буҷет мувоҷеҳ ҳастанд.
Ин мақоми Созмони ҷаҳонии ғизои афзуд, ки ин созмон имсол дар муқоиса бо соли гузашта 80% буҷети камтаре дар ихтиёр дорад ва имсоли буҷаи ин Созмон боз ҳам 340 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Землетрясение в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Кушта ва захмӣ шудани ҳудуди 4 ҳазор тан дар зилзилаи маргбори Афғонистон
Ойлиф тасреҳ кард, ки ҳамакнун 15 млн нафар дар Афғонистон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Афғонистон ҳам акнун бо буҳрони иқтисодӣ ва инсонии ношӣ аз 20 соли ишғолгарии низомиёни Амрико ва ҷанги ношӣ аз он мувоҷеҳ аст.
Ин ишғолгарӣ ва ҷанг боиси нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ ва беҳдоштӣ дар ин кишвар шуда аст.
Лентаи хабарҳо
0