Кушта ва захмӣ шудани ҳудуди 4 ҳазор тан дар зилзилаи маргбори Афғонистон

© РИА НовостиЗемлетрясение в Афганистане
Землетрясение в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Обуна шудан
Бар асоси охирин омори ҳукумати Афғонистон, то кунун ҳудуди 4 ҳазор тан дар зилзилаи ду рӯзи пеш дар Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиии ахиран дар конфаронси хабарӣ эълом кард, ки дар 20 қарияи ҳудуди 1980 то ду ҳазор хона ба шакли комили тахриб шудааст.
Муллоҷонони Соиқ, омири иттилоот ва равобити оммаи вазорати расидагӣ ба ҳаводиси ҳукумати толибон мегуяд, 35 гурӯҳ, ки теъдоди онон ба беш аз 1000 тан мерасад барои кумак ба зилзилазадагон ба маҳали эъзом шудаанд.
Вай афзуд,ки амалиёти берун овардани аҷсод аз зери харобаҳо ҳануз идома дорад.
Соиқ тасреҳ кард, ки бар асоси ҳидояти ҳукумати феълии Афғонистон камиссиюне барои кумак ба зилзилазадагон ташкил шуда ва 100 млн афғонӣ низ барои кумак ба ин зилзилазадагон ихтисос дода шудааст.
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Се заминҷунбӣ дар Ҳироти Афғонистон дар як рӯз
Соиқ ҳамчунин гуфт, ки то кунун 13 млн 350 милюн афғонӣ аз сӯйи муассисоти дохилии кумак шудааст.
Омири иттилооту равобити оммаи вазорати расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ аз кишварҳои ҷаҳони хост то ба осебдидагони заминларзаи Ҳирот кумак кунанд.
Сухангӯии вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис ҳамчунин гуфт, ки бархе аз бозаргонони покистонӣ, бозаргонони афғони муқими Покистон ва ниҳодҳои хайрияи ин кишвари 31 млн калдори покистонӣ ба осебдидагони заминларзаи Ҳирот кумак кардаанд.
ёдовар мешавем, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки барои осебдидагони заминларзаи Ҳироти Афғонистон кумаки аввалияи башардӯстона равон хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0