Ҳушдори обуҳавошиносон аз боронҳои пуршиддату омадани сел

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
КҲФ аз меҳмонону сокинони кишвар даъват намудааст, ки эҳтиёт намоянд, чун имконо омадани сел дар бархе ноҳияҳои кишвар вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 13 октябр дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво номусоид хоҳад шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин рӯзҳо боронҳои пуршиддат ба амал меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар робита ба аз меҳмонон ва сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт намоянд.
Ба иттилои Кумита, дар натиҷаи бориш дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво 10—15 дарача паст мешавад.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки 13-14 октябр дар якчанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои Бадахшон таҳдиди омадани селҳо боқӣ мемонад.
Кӯмак ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Кумак ба беш аз 500 хонаводаҳои аз сел осебдида дар Варзоб, Ҳисор ва Душанбе
ҚҲФ мегӯяд дар натиҷаи бориш эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар сурат мегирад.
Инчунин эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об низ вуҷуд дорад
“Эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасонҳа вуҷуд дорад”, - таъкид кардааст КҲФ.
Кумита ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу манзилҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу хок тоза намоянд.
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Се заминҷунбӣ дар Ҳироти Афғонистон дар як рӯз
Кумита ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, сутуни рекламаҳо шавад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намуд.
КҲФ аз шаҳрвандон даъваткардааст, ки қоидаҳои одитарини бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироати кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин КҲФ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0