https://sputnik.tj/20230906/kumaki-khonavodaho-sel-osebdida-varzob-hisor-dushanbe-1059240304.html
Кумак ба беш аз 500 хонаводаҳои аз сел осебдида дар Варзоб, Ҳисор ва Душанбе
Кумак ба беш аз 500 хонаводаҳои аз сел осебдида дар Варзоб, Ҳисор ва Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷараёни расонидани кумак ба аҳолии осебдидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сели 27-28 августи соли равон идома дорад
2023-09-06T13:59+0500
2023-09-06T13:59+0500
2023-09-06T13:59+0500
дар тоҷикистон
сел
кӯмак
осебдидагон
офати табиӣ
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059240134_0:2:800:452_1920x0_80_0_0_422347870e1500502760a2338bd9d05e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон хабар додааст, ки амалиёти муштаракро бо вазорату идораҳо ҳамоҳанг карда, дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумак мерасонад.Тибқи иттилои манбаъ, КҲФ бо дастгирии Агентии Оғохон, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ ба 400 хонаводаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Варзоб ва 63 хонавода дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дидаанд, кумак расонида шуд.Қарор аст, 6 сентябри соли равон ба 68 хонаводаи осебдида дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кумак расонад.Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, кумакҳои маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, тошак, маҷмуаҳои гигиенӣ, зарфҳои нигоҳдории об ва тозакунандаи об расонида шуд.Бо таҷҳизоти махсуси КҲФ кумакҳо ба тамоми ҷамоатҳои деҳот расонида шуда, дар онҷо бо ҳузури комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ва шаҳр кумакҳои ҷудошуда ба оилаҳои осебдида тақсим карда шуданд.Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки ҷараёни он таҳти назорати КҲФ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230830/qurboniyon-sel-tojikiston-afzoish-1059125248.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059240134_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_90310749186f460cdd8d90a6af7cf658.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯмак, кҳф, хонавода, осебдида, варзоб, ҳисор, душанбе, офати табиӣ
тоҷикистон, кӯмак, кҳф, хонавода, осебдида, варзоб, ҳисор, душанбе, офати табиӣ
Кумак ба беш аз 500 хонаводаҳои аз сел осебдида дар Варзоб, Ҳисор ва Душанбе
КҲФ Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷараёни расонидани кумак ба аҳолии осебдидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сели 27-28 августи соли равон идома дорад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон хабар додааст, ки амалиёти муштаракро бо вазорату идораҳо ҳамоҳанг карда, дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумак мерасонад.
Тибқи иттилои манбаъ, КҲФ бо дастгирии Агентии Оғохон, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ ба 400 хонаводаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Варзоб ва 63 хонавода дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дидаанд, кумак расонида шуд.
Қарор аст, 6 сентябри соли равон ба 68 хонаводаи осебдида дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кумак расонад.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, кумакҳои маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, тошак, маҷмуаҳои гигиенӣ, зарфҳои нигоҳдории об ва тозакунандаи об расонида шуд.
Бо таҷҳизоти махсуси КҲФ кумакҳо ба тамоми ҷамоатҳои деҳот расонида шуда, дар онҷо бо ҳузури комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ва шаҳр кумакҳои ҷудошуда ба оилаҳои осебдида тақсим карда шуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки ҷараёни он таҳти назорати КҲФ қарор дорад.