https://sputnik.tj/20231010/boku-eron-tojikiston-masoil-mintaqavi-baynalmilali-barrasi-1059877678.html
Дар Боку Эрону Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд
Дар Боку Эрону Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Боку ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд
2023-10-10T12:53+0500
2023-10-10T12:53+0500
2023-10-10T12:53+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059876877_0:0:1072:603_1920x0_80_0_0_d759ba23b1c4b9e0ba5de0a89032adf9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Меҳдӣ Сафарӣ сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои дигари рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карда буд.Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.Ду роҳба аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду давлат, афзоиши парвозҳо ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду мамлакатро зарур шумурданд.
https://sputnik.tj/20230920/rahmon-va-raisi-sodda-gardonidani-raftuomadi-mardumoni-du-kishvarro-zarur-donistand-1059480839.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059876877_0:0:868:651_1920x0_80_0_0_a085ab1a3f5c5b8fc7b6c72e4d3b7765.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, масоил, минтақа, байналмилалӣ,ӣ тиҷорат, иқтисод
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, масоил, минтақа, байналмилалӣ,ӣ тиҷорат, иқтисод
Дар Боку Эрону Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд
Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Боку ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Меҳдӣ Сафарӣ сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои дигари рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карда буд.
Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ду роҳба аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду давлат, афзоиши парвозҳо ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду мамлакатро зарур шумурданд.