https://sputnik.tj/20230926/rahmon-raison-oila-ghizo-zakhira-1059613843.html
Раҳмон аз раисон хост, ки ҳар оила ғизо захира кунад
Раҳмон аз раисон хост, ки ҳар оила ғизо захира кунад
Президенти Тоҷикистон бо як қатор роҳбарони шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи марказ суҳбати телефонӣ анҷом дода, бо вазъи кор шинос шудаст
2023-09-26T18:59+0500
2023-09-26T18:59+0500
2023-09-26T18:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
президент
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба мавсими сармо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳои телефонии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру навоҳӣ будаст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла бо муовини сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон суҳбат доштааст. Дар баробари ин президент аз тариқи телефон ҳисоботи роҳбарони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиёнро доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шунидаст. Президент аз роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршуда хостааст, ки омодагӣ ба зимистони дарпешистодаро ҷиддӣ гиранд. "Пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд", - дастур додаст Раҳмон. Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намудаст. Маврид ба зикр аст, ки феълан ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дошта, баъзан роҳбарони вилоятҳо шахсан ба майдони пахта мераванд то ба кишоварзон кумак расонанд.
https://sputnik.tj/20230926/mastchoh-dahyak-naqsha-jamovari-pakhta-1059601289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
суҳбат, телефонӣ, эмомалӣ раҳмон, шинос, суғд, хатлон
суҳбат, телефонӣ, эмомалӣ раҳмон, шинос, суғд, хатлон
Раҳмон аз раисон хост, ки ҳар оила ғизо захира кунад
Президенти Тоҷикистон бо як қатор роҳбарони шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи марказ суҳбати телефонӣ анҷом дода, бо вазъи кор шинос шудаст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба мавсими сармо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳои телефонии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру навоҳӣ будаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла бо муовини сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон суҳбат доштааст.
Дар баробари ин президент аз тариқи телефон ҳисоботи роҳбарони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиёнро доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шунидаст.
Президент аз роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршуда хостааст, ки омодагӣ ба зимистони дарпешистодаро ҷиддӣ гиранд.
"Пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд", - дастур додаст Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дошта, баъзан роҳбарони вилоятҳо шахсан ба майдони пахта мераванд то ба кишоварзон кумак расонанд.