https://sputnik.tj/20231010/sughd-burd-bokhti-sanoat-elon-1059890780.html
Суғд бурду бохти саноаташро дар 9 моҳ эълон дошт
Суғд бурду бохти саноаташро дар 9 моҳ эълон дошт
Sputnik Тоҷикистон
Рушди саноат дар шимоли Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли равон қариби 8% зиёд шуда, беш аз 200 корхонаю коргоҳи нав ифтитоҳ гардидаанд
2023-10-10T19:59+0500
2023-10-10T19:59+0500
2023-10-10T19:59+0500
дар тоҷикистон
саноат
рушд
консерва
оби нӯшокӣ
тавлид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059245994_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_d830e86d6b31110098eb53e26b94265d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба зиёда аз 18 млрд сомонӣ расонда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳ, муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо баён дошт. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида буд, ки барзиёд иҷро гардид. Аз ҷумла дар давоми 9 моҳи соли равон 217 корхонаву коргоҳи нав бо зиёда аз 2 ҳазор йойи нави корӣ, ба фаъолият шуруъ намуданд, гуфт дафтари матбуот. Манбаъ ҳамчунин номгӯи бархе аз маҳсулоти саноатӣ ва ҳаҷми тавлидоти онро низ зикр намудаст. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023-юм 982 ҳазор тонна семент ва 1,1 млн тонна ангишт истеҳсол шудаст, афзуд манбаъ. Ҳамчунин дар вилоят таносуби истеҳсоли орд дар нуҳмоҳа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121%, равғани растанӣ 96%, нон ва маҳсулоти нонӣ 85%, консерваҳо қариб 1234% ва нӯшокиҳои беспирт қариби 132%-ро ташкил додаст.
https://sputnik.tj/20231010/rustam-emomali-khostor-moshin-barqi-1059889525.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059245994_120:0:1257:853_1920x0_80_0_0_4f577193a22c0517668e78ac7a4d2de5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, маҳсулот, саноат, корхона, афзоиш, нуҳмоҳа
суғд, маҳсулот, саноат, корхона, афзоиш, нуҳмоҳа
Суғд бурду бохти саноаташро дар 9 моҳ эълон дошт
Рушди саноат дар шимоли Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли равон қариби 8% зиёд шуда, беш аз 200 корхонаю коргоҳи нав ифтитоҳ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба зиёда аз 18 млрд сомонӣ расонда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёд мебошад.
Ин нуктаро зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳ, муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида буд, ки барзиёд иҷро гардид.
Аз ҷумла дар давоми 9 моҳи соли равон 217 корхонаву коргоҳи нав бо зиёда аз 2 ҳазор йойи нави корӣ, ба фаъолият шуруъ намуданд, гуфт дафтари матбуот.
Манбаъ ҳамчунин номгӯи бархе аз маҳсулоти саноатӣ ва ҳаҷми тавлидоти онро низ зикр намудаст.
Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023-юм 982 ҳазор тонна семент ва 1,1 млн тонна ангишт истеҳсол шудаст, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин дар вилоят таносуби истеҳсоли орд дар нуҳмоҳа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121%, равғани растанӣ 96%, нон ва маҳсулоти нонӣ 85%, консерваҳо қариб 1234% ва нӯшокиҳои беспирт қариби 132%-ро ташкил додаст.