https://sputnik.tj/20231010/rasona-artish-isroil-vorid-shahr-nablus-falastin-1059873793.html
Расонаҳо: артиши Исроил вориди шаҳри Наблуси Фаластин шуд
Расонаҳо: артиши Исроил вориди шаҳри Наблуси Фаластин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Исроил дар минтақаи соҳили рӯди Урдун ба амалиёт гузаштанд. Дар байни аъзоёни ҳаракати Фаластин ва қувваҳои бехатарии Исроил задухӯрд шурӯъ гардид
2023-10-10T10:33+0500
2023-10-10T10:33+0500
2023-10-10T10:42+0500
дар ҷаҳон
исроил
фаластин
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/07/1059841852_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_015d2e47c908e9f489472b71726d28f6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Нерӯҳои исроилӣ дар ҳоле вазъи шадид дар атрофи навори Ғазза вориди шаҳри Наблус гардиданд ва он ҷо ҳоло даргириҳо идома доранд, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба сомонаи фаластинииQuds.Шаҳри Наблус дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, тақрибан сад километр дуртар аз навори Ғазза ҷойгир аст.Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.
https://sputnik.tj/20231009/lavrov-rusiya-isroilu-falastinro-ba-otashbas-davat-mekunad-1059868456.html
исроил
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/07/1059841852_80:0:2811:2048_1920x0_80_0_0_78163fa8713202f46a8ffa7fb4c61c79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил ғазза
Расонаҳо: артиши Исроил вориди шаҳри Наблуси Фаластин шуд
10:33 10.10.2023 (Навсозишуда: 10:42 10.10.2023) Артиши Исроил дар минтақаи соҳили рӯди Урдун ба амалиёт гузаштанд. Дар байни аъзоёни ҳаракати Фаластин ва қувваҳои бехатарии Исроил задухӯрд шурӯъ гардид
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Нерӯҳои исроилӣ дар ҳоле вазъи шадид дар атрофи навори Ғазза вориди шаҳри Наблус гардиданд ва он ҷо ҳоло даргириҳо идома доранд, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба сомонаи фаластинииQuds.
"Қӯшунҳои Исроил ба шаҳри Наблус даромаданд... Задухӯрди мусаллаҳона ба амал меояд", — гуфта мешавад дар хабар.
Шаҳри Наблус дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, тақрибан сад километр дуртар аз навори Ғазза ҷойгир аст.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.