https://sputnik.tj/20231010/navor-isroil-hamla-hamos-video-1059891221.html
Зарбаҳои даҳшатнок: Артиши Исроил ҳамлаи густарда ба мавзеъҳои ҲАМОС-ро нишон дод - видео
Зарбаҳои даҳшатнок: Артиши Исроил ҳамлаи густарда ба мавзеъҳои ҲАМОС-ро нишон дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Шаби гузашта дар Ғазза ноором буд, артиши Исроил беш аз 200 иншоотро зери ҳадаф қарор додааст, хабар медиҳад ҷониби давлати Исроил
2023-10-10T20:29+0500
2023-10-10T20:29+0500
2023-10-10T20:35+0500
видео
исроил
ҳамос
зарба
мавзеъ
ғазза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059891405_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_583ecb0c6e786fa7f2664a0c7bb2b6b6.jpg
Наворе, ки тавассути паҳподҳо сабт шудааст ва аз ҷониби оҷонсии Ruptly нашр шудааст, аз ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба мавқеъҳо ва иншоот дар навори Ғаззаро нишон медиҳад, ки ҷониби Исроил онро "лонаи террористон" мехонад.Даҳҳо ҳавопаймо ва киштиҳо дар бомбаборони ҳадафҳои Ҳамос ширкат доштанд, аз ҷумлаи ҳадафҳои нирӯҳои исроилӣ қароргоҳи маъмурони баландпояи Ҳамос, биноҳое, ки дар он амволи ҷангҷӯён нигаҳдорӣ мешуданд ва ҳамчунин як масҷид, ки ба гуфтаи артиши Исроил, хамчун анбори аслиха истифода мешуд.ИМА изҳороти ғайричашмдошт дар бораи Исроил ва Украина додҶонатан Конрикус, сухангӯи артиши Исроил ба расонаҳо гуфт, вазифаи артиш дар он аст, ки ҳаракати Фаластинии Ҳамос то поёни даргириҳо тавони низомӣ надошта бошад.Вай афзуд, ки нерӯҳои исроилӣ дар марзи ҷанубии кишвар ҷамъ шудаанд. Ин қисмати сарҳад 100% таҳти назорат гирифта шуда, дар давоми 24 соати охир дар ин қисмат ягон вуруди ҷангҷӯёни Ҳамос аз сарҳад мушоҳида нашудааст.Боз як авҷгирии низоъи Фаластин ва Исроил субҳи 7 октябр, замоне рух дод, ки Исроил аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакҳои густарда қарор гирифт. Ҷангҷӯёни Ҳамос низ ба манотиқи марзӣ дар ҷануби Исроил ворид шудаанд.Расонаҳо: артиши Исроил вориди шаҳри Наблуси Фаластин шудҲамос аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо алайҳи Исроил хабар дод. Дар навбати худ Исроил амалиёти шамшерҳои оҳанинро алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза оғоз кард.Дар ҳоли ҳозир, тибқи маълумоти вазорати тандурустии Исроил, шумори қурбониёни сокинони Исроил ба 900 нафар расидааст, вазорати тандурустии Фаластин аз марги 687 фаластинӣ хабар додааст.
исроил
ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059891405_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_5fbad3f77619e8a32812b396ef74c80e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш, исроил, ғазза, бомборон, мавзеъ, ҳаммос, видео
артиш, исроил, ғазза, бомборон, мавзеъ, ҳаммос, видео
Зарбаҳои даҳшатнок: Артиши Исроил ҳамлаи густарда ба мавзеъҳои ҲАМОС-ро нишон дод - видео
20:29 10.10.2023 (Навсозишуда: 20:35 10.10.2023) Шаби гузашта дар Ғазза ноором буд, артиши Исроил беш аз 200 иншоотро зери ҳадаф қарор додааст, хабар медиҳад ҷониби давлати Исроил
Наворе, ки тавассути паҳподҳо сабт шудааст ва аз ҷониби оҷонсии Ruptly нашр шудааст, аз ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба мавқеъҳо ва иншоот дар навори Ғаззаро нишон медиҳад, ки ҷониби Исроил онро "лонаи террористон" мехонад.
Даҳҳо ҳавопаймо ва киштиҳо дар бомбаборони ҳадафҳои Ҳамос ширкат доштанд, аз ҷумлаи ҳадафҳои нирӯҳои исроилӣ қароргоҳи маъмурони баландпояи Ҳамос, биноҳое, ки дар он амволи ҷангҷӯён нигаҳдорӣ мешуданд ва ҳамчунин як масҷид, ки ба гуфтаи артиши Исроил, хамчун анбори аслиха истифода мешуд.
Ҷонатан Конрикус, сухангӯи артиши Исроил ба расонаҳо гуфт, вазифаи артиш дар он аст, ки ҳаракати Фаластинии Ҳамос то поёни даргириҳо тавони низомӣ надошта бошад.
Вай афзуд, ки нерӯҳои исроилӣ дар марзи ҷанубии кишвар ҷамъ шудаанд. Ин қисмати сарҳад 100% таҳти назорат гирифта шуда, дар давоми 24 соати охир дар ин қисмат ягон вуруди ҷангҷӯёни Ҳамос аз сарҳад мушоҳида нашудааст.
Боз як авҷгирии низоъи Фаластин ва Исроил субҳи 7 октябр, замоне рух дод, ки Исроил аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакҳои густарда қарор гирифт. Ҷангҷӯёни Ҳамос низ ба манотиқи марзӣ дар ҷануби Исроил ворид шудаанд.
Ҳамос аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо алайҳи Исроил хабар дод. Дар навбати худ Исроил амалиёти шамшерҳои оҳанинро алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза оғоз кард.
Дар ҳоли ҳозир, тибқи маълумоти вазорати тандурустии Исроил, шумори қурбониёни сокинони Исроил ба 900 нафар расидааст, вазорати тандурустии Фаластин аз марги 687 фаластинӣ хабар додааст.