https://sputnik.tj/20231010/ishtiroki-khoriji-namoishgohi-baynalmilali-tajbuild-1059871347.html
Иштироки 5 давлати хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023"
Иштироки 5 давлати хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023"
Sputnik Тоҷикистон
Дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонии Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард
2023-10-10T09:02+0500
2023-10-10T09:02+0500
2023-10-10T09:02+0500
дар тоҷикистон
намоишгоҳ
байналмилалӣ
сохтмон
душанбе
ширкати сохтмонии русия
эрон
туркия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055806448_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_d08d1c036887f6b5e043e1b5b0d3620d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" дар шаҳри Душанбе хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ин намоишгоҳи байналмилалӣ аз 12 то 14 октябр дар пойтахт - шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Қайд карда шудааст, ки дар намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.“Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд”, - таъкид кардааст манбаъ.Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.
https://sputnik.tj/20231008/namoishgohi-moshinsozii-makhsusi-rusiya-va-tojikiston-dar-dushanbe-1059847940.html
душанбе
эрон
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055806448_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f9e706da95773b90098f60e95c7387e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, намоишгоҳ, байналмилалӣ, русия, узбекистон, қазоқистон, эрон, туркия , сохтмон
тоҷикистон, душанбе, намоишгоҳ, байналмилалӣ, русия, узбекистон, қазоқистон, эрон, туркия , сохтмон
Иштироки 5 давлати хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023"
Дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонии Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин намоишгоҳи байналмилалӣ аз 12 то 14 октябр дар пойтахт - шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
“Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.